Ҳайати СҲШ интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон демократӣ эътироф кард

Нозирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи парлумонии дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф ва демократӣ хонданд. Зимни суханронӣ дар брифинги имрӯза барои рӯзноманигорон роҳбари ҳайати нозирон аз СҲШ, муовини котиби генералии Созмон Нурлан Аккошкаров изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди демократия дар кишвар аст. Ӯ қайд кард, ки шароити муҳайёшуда дар Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Нозирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай интихоботи парлумонии дар Тоҷикистон баргузоршударо шаффоф ва демократӣ хонданд.

Зимни суханронӣ дар брифинги имрӯза барои рӯзноманигорон роҳбари ҳайати нозирон аз СҲШ, муовини котиби генералии Созмон Нурлан Аккошкаров изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон қадами муҳим дар рушди демократия дар кишвар аст.

Ӯ қайд кард, ки шароити муҳайёшуда дар Тоҷикистон барои интихобкунандагону номзадҳо ба вакилӣ, аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин нозирони байнулмилалӣ гувоҳи онанд, ки раҳбарияти кишвар баҳри таъмини кушоду шаффоф ва ба таври демократӣ гузаштани интихобот талош варзидааст.

“Интихобот ба қонунгузории интихоботи кишвар ва уҳдадориҳои байнулмилалии аз ҷониби ҷумҳурӣ эътирофшуда мутобиқат мекард”, – афзуд ӯ.

Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

Дар интихобот 7 ҳизби сиёсӣ: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби состсиалистӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои интихобот 63 вакил интихоб мешаванд: 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои аз 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳодшуда КМИР нимаи дуюми имрӯз, 2-юми март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад. Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории он муайян шавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва ошкоро гузашта, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.