Сироҷиддин Муҳриддин: Қирғизистон созишҳои қаблан ҳосилшударо иҷро намекунад

Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд. “Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо дар бораи 519,9 километр дигар […]

Зимни нишасти матбуотии имрӯза вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки талаботи санадҳо оид ба масъалаи сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон на ҳамеша аз ҷониби кишвари ҳамсоя риоя мешаванд.

“Доир ба масоили сарҳад гуфтушунидҳо бо Қирғизистон соли 2002 оғоз гардида, 18 сол инҷониб идома доранд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо дар бораи 519,9 километр дигар қитъаҳои сарҳадӣ созиш ҳосил шуда, он ба санад дохил шуд. Баъди анҷоми расмиёти дохилӣ дар дохили ҳар кадоме аз кишварҳо мебоист дар ин бора байни кишварҳо созишнома ба имзо мерасид. Мо қисман расмиёти ҳуҷҷатҳоро анҷом додем, аммо ҷониби Қирғизистон бо сабабҳои гуногун  аллакай 6-7 сол аст, ки имзои онҳоро рад мекунад”, – гуфт вазир.

“Протоколи 34” ва роҳ ба Ворух

Сироҷидинн Муҳриддин проколи байнидавлатии аз соли 2014 байни кишварҳо имзошударо мисол овард.

“Мувофиқи ин санад, ба ҷониби Қирғизистон сохтмони роҳи Оқ-Сой- Тамдик ҳамзамон бо роҳи алтернативии Хоҷаи Аъло – Ворух иҷоза шуд. Ба сохтмони роҳ Қирғизистон ҷавобгӯ буд. Онҳо роҳи барои худашон мувофиқро сохта, қитъаи роҳро ба Ворух фаромӯш карданд. Чунин қарордодҳо хеле зиёданд, лекин кишвари ҳамсоя ва бародар онҳоро иҷро намекунад”, – изҳор дошт вазир.

Зикр шуд, ки бо вуҷуди созишномаи дуҷониба дар бораи манъи корҳои сохтмон дар қитъаҳои баҳсӣ, Қирғизистон ба бунёди иншоот идома медиҳад.

Мувофиқи санади дар боло зикршуда, сохтмони роҳ 75% аз ҷониби Қирғизистон ва 25% аз ҷониби Тоҷикистон маблағгузорӣ шуда, онро Қирғизистон месозад.

“Мо аз Қирғизистон риоя ва иҷрои ҳамаи қарордодҳои ҳосилшударо талаб мекунем, зеро онҳо аз ҷониби комиссияи дуҷониба омӯхта шуда, дар сатҳи баланд ба имзо расидаанд. Қирғизистон он замон бо ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда розӣ буд. Агар ҳамаи бандҳои протоколҳои имзошуда риоя шаванд, дар мавзеъҳои наздисарҳади чунин вазъият ба вуҷуд намеояд”, – илова кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.