Тағйироти кадрӣ. Раисони Кӯлобу Масчоҳ нав шуданд. Кистанд?

Тибқи хабарҳои расида, Бахтиёр Назарзода раиси иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд.  Ба гуфтаи як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, раиси нави шаҳрро аллакай барои кормандони ҳукумат муаррифӣ кардаанд. Дар ҳамин ҳол манбаъ нагуфт, ки шаҳрдори пешини Кӯлоб Вализода Абдулқодир Исуф, ки ҳамагӣ 20-июни […]

Сайраҳмон Назриев, Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Тибқи хабарҳои расида, Бахтиёр Назарзода раиси иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва Аъзам Ализода раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд таъин шудаанд. 

Ба гуфтаи як манбаъи "Азия-Плюс" дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, раиси нави шаҳрро аллакай барои кормандони ҳукумат муаррифӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ нагуфт, ки шаҳрдори пешини Кӯлоб Вализода Абдулқодир Исуф, ки ҳамагӣ 20-июни соли гузашта ба ин мақом таъин шуда буд, ба вазифаи дигаре таъин шудааст ё не. 

Шаҳрдори пешини Кӯлоб аз ин пеш дар ноҳияҳои Ховалин ва Ҳамадонӣ ҳам раис буд. 

Бахтиёр Назарзода то омадан ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб  сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон буд, ки дар бахши моляи аз соли 2006 кор мекард. 

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Аз ҷумла Даврон Нишонзода раиси ноҳияи Дӯстӣ таъин шудааст, ки то ин вақт раиси ноҳияи Носири Хусрав буд. 

Раиси пешини Дӯстӣ Саидзода Нурмуҳаммад Хол бознишаста шудааст ва раиси нави Носири Хусрав Маҳмадаюб Шарифзода шудааст, ки то ин замон раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халуии демкоратӣ дар ноҳияи Қубодиён буд.

Ҳарчанд дар ҳукумати вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" таъйини Аъзам Ализода Наврӯзро ба мақоми раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйид ё рад накарданд, аммо бархе манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки фармони таъйиноти Ализода имрӯз содир шудааст. 

Баъди даргузашти раиси собиқи ин ноҳия, Тоҳир Азиззода дар ду моҳи пеш, курсии раиси ин ноҳия холӣ буд.

Гуфта мешавад Ализода Аъзам Наврӯз, фарзанди Наврӯз Валиев, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, ки то раиси ноҳияи Мастчоҳ шудан сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.