spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

ВАО: Толибон сафири худро дар Тоҷикистон таъйин карданд. Зоҳир Ағбар: Ман корамро идома медиҳам

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон хабари барканорияш ва таъйини сарпарасти нав аз сӯи Толибон* дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, ин хабар воқеият надорад ва Сафорат аз сӯйи Толибон ҳеҷ дастуре нагирифтааст.

Чанде пеш хабаргузории "Индепендент форсӣ" навишт, ки бо дастури Мавлави Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон барканор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Муҳаммад Зариф Асир, Ҷавод Шӯъла ва Кабир Қосим, ки пеш аз ин низ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе фаъолият мекарданд, ба унвони сарпараст, консул ва масъули идории сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе таъйин шудаанд.

"Чандин манбаъ дар шаҳри Душанбе дар гуфтугӯ бо "Индепендент форсӣ" таъйид карданд, ки Ағбар 27-уми ноябри соли 2022 бар асоси фармоне, ки аз сӯи сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон содир шуда буд, аз мақоми сафири Афғонистон дар Душанбе барканор шудааст",- навиштааст хабаргузорӣ.

Аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” зикр намуданд, ки Сафорат ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад ва Тоҷикистон низ дар баробари тамоми кишварҳои ҷаҳон ин гуруҳро эътироф накардааст. Аз ин рӯ Сафорат ба таври маъмулӣ кору фаолият намуда истодааст.

"Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯзи аввали  ғасби ҳукумат аз ҷониби Толибон онҳоро гурӯҳи ишғолгар ва ҷинояткор хитоб намуда ва гуфта буд, ки онҳо  ҳеч машрӯъияти дохилӣ ва байналмиллалӣ надоранд. Ҳеҷ дипломати сафорат бо гурӯҳи Толибон* ҳамкорӣ надорад. Сафорат гурӯҳи Толибонро ба расмият намешиносад ва ба таври маъмули кору фаъолият намуда истодааст. Ин хабар воқеият надорад", – гуфтанд аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.

Манбаъ гуфт, баъзе тағйироти кадрӣ дар дохили худи Сафорат бо дастури сафир Зоҳири Ағбар ба амал омадааст ва ин рабте ба Толибон надорад.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар чанд рӯз пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон дар моҳи августи соли 2021 акси Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистонро аз девори сафорати Афғонистон дар Душанбе поин кашид ва акси Амаруллоҳ Солеҳ, муовини якуми Ғаниро ба ҷой он насб кард ва гуфт, Солеҳро сарпарасти қонунии ин кишвар медонад ва фаъолияташро ҳамчун сафири мардуми Афғонистон дар Душанбе идома медиҳад

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Индепендент форсӣ" аз қавли як манбаъаш навиштааст, Зариф Асир, ки пеш аз ин ба унвони мусташор (муовини сафир)-и сафорати Афғонистон дар Душанбе кор мекард, акнун бо таъйиди Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, дар ҷойгоҳи сарпарасти сафорат қарор гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Сафорати Афғонистон дар Душанбе

“Як манбаъи дигар гуфт, ки Тоҷикистон ҳудуди панҷ моҳ қабл, ду дипломати худро ба Кобул фиристод ва дар ин муддат, равобит миёни режими Толибон ва давлати Тоҷикистон барқарор будааст. Дар он замон, Толибон шахсеро ба номи Қорӣ Файзулраҳмон Атоӣ, ба унвони дастёри сафорати Афғонистон дар Душанбе муаррифӣ кард, аммо ӯ ба далоили номаълум ба Душанбе нарафт”, – навиштааст манбаъ.

Тоҷикистон танҳо кишвар дар миёни ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки то кунун барқарории ҳаргуна равобити расмӣ бо Толибонро инкор кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шуморе аз мақомҳои ин кишвар, борҳо ба сароҳат аз қавмӣ будани режими Толибон интиқод карда ва хостори ташкили давлати фарогир бо ҳузури намояндагони ҳамаи ақвом дар Афғонистон шудаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...