Толибае аз Панҷакент корвони мошинҳои президентро манъ кард

Хосият, толибаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент рӯзи 12 сентябр корвони мошинҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни сафари кориша ба вилояти Суғд манъ карда, номаашро ба дасти ӯ дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, зоҳиран, аксари онҳое, ки ҳангоми сафари президент ба минтақаҳо бо ӯ сӯҳбат мекунанд, аз пеш омода шудаанд ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Хосият, толибаи синфи 10-уми яке аз мактабҳои шаҳри Панҷакент рӯзи 12 сентябр корвони мошинҳои президент Эмомалӣ Раҳмонро зимни сафари кориша ба вилояти Суғд манъ карда, номаашро ба дасти ӯ дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, зоҳиран, аксари онҳое, ки ҳангоми сафари президент ба минтақаҳо бо ӯ сӯҳбат мекунанд, аз пеш омода шудаанд ва хеле кам иттифоқ меафтад, ки як нафар бидуни тавсияи мақомот ба мулоқоти президент роҳ ёбад. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 5500-солагии Саразм ба Панҷакент сафар карда буд.

Хосият Олишова, сокини шаҳри Панҷакент субҳи 12-уми сентябр ҳангоме, ки корвони мошинҳои ҳайати давлатӣ бо ҳамроҳии президент Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент ба самти бинои панҷошёнаи “Саразм плаза” ҳаракат мекард, бо садои баланд “президент дар кадом мошин ҳаст” гуфта, худро ба мошинҳои сиёҳшиша наздик мекунад.

Ба гуфтаи шоҳидон, муҳофизони президент пеши роҳи ӯро гирифтанӣ мешаванд, вале президент аз дохили мошин ишора мекунад, ки "монед биёяд". Хосият номаашро ба президент супурда, баъди он ӯро ба ҳукумати шаҳри Панҷакент мебаранд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент рӯзи 12-уми сентябр гуфт, воқеан чунин ҳолат пеш омад ва "президент ба ман гуфтанд, ки духтарча ятим будааст, мушкилот доштааст”.

“Ҳоло нома дар дасти президент ҳаст. Вақте вай ба тарафи корвони президент ҳаракат кард, президент мошинро манъ карда, даст аз оинаи мошин берун кард. Даъваташ карданд ва номаашро гирифтанд”, – гуфтааст ӯ.

Мақсуда Аҳророва, директори мактаби рақами 71-и шаҳри Панҷакент, ки Хосият дар он таҳсил мекунад, гуфтааст “бо Хосият ва модараш суҳбат кардам”.

Ӯ гуфтааст, ки Хосият дар номааш хоҳиши манзили зист кардааст, зеро ӯ бо модараш дар иҷора зиндагӣ дошта, падари ин духтар 3 моҳ пеш фавтидааст ва онҳо бесарпаноҳ мондаанд.

"Хосият аз хонандаҳои фаъол аст ва таҳсили хуб дорад", – изҳор доштааст ӯ.

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Панҷакент ба шарти наовардани номаш гуфтааст, ки бо ин духтар сӯҳбат кардаанд ва арзи ӯро шунидаанд. Ба ӯ 10 ҳазор сомонӣ (наздики 1 ҳазор доллар) ва равғану шакару орду биринҷ кӯмак кардаанд.

Дар робита ба ҷашни 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент қарор дошт. Имрӯз сарвари давлат аз ноҳияи Мастчоҳ боздид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.