Пагоҳ бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

Пагоҳ, 5-уми июл, бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ифтитоҳи ин ду бинои нав соати 18:00-и рӯзи 5-уми июл ба нақша гирифта шудааст. Дар маросими кушодашавии бинои нави ҳукумат ва парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Пагоҳ, 5-уми июл, бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз парлумони кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ифтитоҳи ин ду бинои нав соати 18:00-и рӯзи 5-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Дар маросими кушодашавии бинои нави ҳукумат ва парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин ширкат меварзанд.

“Ҳама вакилони халқ дар маросими ифтитоҳи бинои нави парлумон даъват шудаанд ва бояд ширкат кунанд. Инчунин, баъзе намояндагони Чин ҳам дар ин маросим иштирок менамоянд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки вакилони парлумони кишвар кай дар бинои нав корро оғоз мекунанд.

Бояд гуфт, ки бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бо маблағгузории Чин сохта шудаанд: Чин барои сохтмони ин биноҳо ба сифати кумаки бебозгашт 1,5 млрд юан (беш аз 200 млн доллар) ҷудо карда буд.

Ёдовар мешавем, ки биноҳои мазкур давоми 6 сол сохта шуданд: рӯзи 13-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон санги асос гузошта буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.