Кумаки низомӣ-техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Кумаки мазкур ба Тоҷикистон дар доираи Созишномаи соли 1999 баимзорасида байни ҳукумати кишварҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ сурат мегирад. Дар лоиҳаи санад қайд мешавад, ки ҷониби Қазоқистон то ба пойтахти Тоҷикистон расонидани амволи ҳарбиро аз ҳисоби худ таъмин мекунад. Ҷониби Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки амволи ҳарбии гирифта ё ҳуқуқи истифодаи онро ба тарафи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумаки мазкур ба Тоҷикистон дар доираи Созишномаи соли 1999 баимзорасида байни ҳукумати кишварҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ сурат мегирад.

Дар лоиҳаи санад қайд мешавад, ки ҷониби Қазоқистон то ба пойтахти Тоҷикистон расонидани амволи ҳарбиро аз ҳисоби худ таъмин мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон уҳдадор мешавад, ки амволи ҳарбии гирифта ё ҳуқуқи истифодаи онро ба тарафи сеюм намедиҳад. Ҳаҷми кумак дар ифодаи пулӣ оварда нашудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷиро уҳдадор намудааст, ки сана ва макони баимзорасии санади дахлдорро дар ин хусус бо ҷониби Қазоқистон мувофиқа созад.

Тоҷикистон чӣ мегирад?

Дар рӯйхати кумак 79 номгӯи амволи ҳарбӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, муҳимот: тирҳои қутрҳои гуногун, тирҳо барои норинҷакафканҳо (гранатомёт), минаҳо, ки шумори умумиашон наздики 1,8 млн. донаро ташкил медиҳад.

Ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамчунин дастгоҳҳои артиллерӣ ва асбобу олоти таълимӣ, аз ҷумла, 58 адад комплекси Буссол ПАБ-2М (навъи махсуси қутбнамо (компас) барои андозагирии кунҷҳо) ва наздики 200 адад дигар дастгоҳ ва асбобу лавозимоти ҳарбӣ дода мешавад.

Ғайр аз ин, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба воситаҳои авиатсионии зарбазан: 30 ҳазор дона тири 30 мм ба  тӯпи ПТТ ва 5 ҳазор дона мушакҳои идоранашавандаи С-5 низ соҳиб хоҳад шуд.

Мушаки С-5 истеҳсоли замони шӯравӣ буда, барои нобуд сохтани техника ва нерӯи зиндаи ҳариф пешбинӣ шудааст. Соли 1955 ба ихтиёри Нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Иттиҳоди Шӯравӣ супурда шуд. Навъҳои гуногуни ҳавопаймо ва чархболҳои низомӣ бо ин навъи мушакҳо муҷаҳҳаз мешуданд.

Дар доираи кумак ҳамчунин амволи ҳимояи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва муҳандисӣ, амволи ҳарбии ақибгоҳ, асбобу лавозимоти амалиёти ҳарбӣ дар шароити кӯҳсор, амволи тиббӣ ва воситаҳои алоқа низ ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад.

Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.