Ба қарори низоъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон Жогорку Кенеш муҳри махфӣ гузошт

Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи маълумоти ҳукумат оид ба низоъ дар қитъаи номуайяни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қарор қабул кард. Вакилон маълумотро дар бораи муноқиша баррасӣ карда, ба ин санад муҳри “махфӣ” гузоштанд, ки ифшои он манъ аст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, […]

Asia-Plus

Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи маълумоти ҳукумат оид ба низоъ дар қитъаи номуайяни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд қарор қабул кард.

Вакилон маълумотро дар бораи муноқиша баррасӣ карда, ба ин санад муҳри “махфӣ” гузоштанд, ки ифшои он манъ аст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумат ба гуфтушунидҳо дар мавриди суръат бахшидан ба корҳои таъйин ва аломатгузории сарҳад идома медиҳад. Вакилон ин масъаларо зери назорат мегиранд.

Кори ҳукуматро Жогорку Кенеш ба сурати умум қаноатбахш арзёбӣ карда, як қатор эродҳо гирифтааст. Аъзои комиссияи таъйин ва аломатгузорӣ ваъда додаанд, ки онҳоро ба инобат мегиранд.

Гуфтушуниди охир, ки дар бораи натиҷаҳояш хабар дода шуд, рӯзи 18-уми сентябр дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст, доир гардид.

Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.

Дар қаламрави ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара низ гуфтушунидҳо доир гардиданд, аммо аз натиҷаҳои онҳо маълумот дода нашуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари муноқишаи шоми 16-уми сентябр дар мавзеи ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се хизматчии ҳарбии точик ва як марзбони қирғиз ҷон бохтанд. Ба ҷуз ин, аз ҷониби Тоҷикистон боз панҷ низомӣ ва занону ду кӯдак захмӣ шуданд. Дар бораи 13 нафар захмиён Вазорати тандурустии Қирғизистон низ хабар дод.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.