Маълумоти оморӣ: Шумори гургҳо дар Тоҷикистон таҳдидовар мешавад

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шумори гургҳо дар Тоҷикистон зиёда аз ҳашт баробар афзудааст. Онҳо тайи солҳои натанҳо ба чорвои хонагӣ, балки ба одамон низ ҳамла мекунанд. Дар маҷмӯаи “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ айни замон беш аз 5,3 ҳазор гург зиндагӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти Агентии омор, соли 1992 шумори ин ҳайвони […]

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шумори гургҳо дар Тоҷикистон зиёда аз ҳашт баробар афзудааст. Онҳо тайи солҳои натанҳо ба чорвои хонагӣ, балки ба одамон низ ҳамла мекунанд.

Дар маҷмӯаи “Ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон” қайд мешавад, ки дар кӯҳҳои ҷумҳурӣ айни замон беш аз 5,3 ҳазор гург зиндагӣ мекунад.

Мувофиқи маълумоти Агентии омор, соли 1992 шумори ин ҳайвони ваҳшӣ ҳамагӣ 650 сарро ташкил медод.

Дар ҷумҳурӣ минтақаҳое ҳастанд, ки шумори гургон дар онҳо начандон зиёд аст. Лекин минтақаҳое низ мавҷуданд, ки гургон зиёданд ва мардуми ин минтақаҳо аз ин ҳайвони ваҳшӣ осеб дида, натанҳо молу чиз, балки ҳаёташонро аз даст медиҳанд.

Ин мушкилот дар кӯҳҳои Помир таҳдидовар шуда, одамон қурбони ҳамлаи гургон мешаванд.

Аввали моҳи марти соли ҷорӣ галаи гургон ба ду сокини ноҳияи Шуғнон ҳамла карда, занҳо аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуданд. Моҳи январи ҳамин сол боз дар ноҳияи мазкур гургҳо ба кӯдаки панҷсола ва як мард дарафтоданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бар ин назаранд, ки галаи гургон шояд аз гуруснагӣ ба одамон ҳамла мекунанд. Даррандагон барои дарёфти чорвои хонагӣ ба деҳаҳо фаромада, лекин бо одамон дучор мешаванд, ки ба оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонад.

Бо фарорасии фасли зимистону ба бехатарии аҳолӣ таҳдид кардани гургон, ҳукумати Тоҷикистон дастаи таъиноти махсуси “Алфа”-и КДАМ-ро ба шикори онҳо сафарбар кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси ВМКБ, аъзои ин воҳид бо силоҳи махсуси шикорӣ ва дигар асбобу лавозимоти зарурӣ таъмин ва барои нобуд кардани гургҳо дар қаламрави ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадолӣ, Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ва Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев, Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".