Хисороти даргириҳои марзӣ: 12 млн сомонӣ ба Тоҷикистону 1 млрд 305 млн сом ба Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зарарҳои расида аз даргириҳои марзии рӯзҳои 29-30-апрели соли равонро ҳисоб кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд хисороти ворида аз ин даргириҳоро расман эълон накардааст, вале як манбаъ “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботоро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар дар Исфара баробар ба […]

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон зарарҳои расида аз даргириҳои марзии рӯзҳои 29-30-апрели соли равонро ҳисоб кардаанд.

Ҷониби Тоҷикистон ҳарчанд хисороти ворида аз ин даргириҳоро расман эълон накардааст, вале як манбаъ “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботоро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар дар Исфара баробар ба 11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ  (1,06 млн доллар) аст.

Дар ин ҳисобот хонаҳои вайроншуда, иншооти марказҳои хизматрасонӣ, техникаҳо, чорвову дигар муҳимоти талафшудаи мардум ворид шудааст. Манбаъ гуфт, ҳисобот хисороти умумии ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх, Шаҳрак ва Ворухро фаро мегирад, ки дар ин миён зиёни аз ҳама беш ба ба деҳаҳои Хоҷаи-Аъло ва Сомониёни Чоркӯҳ  расидааст.  

“Дар натиҷаи даргириҳои марзӣ дар Исфара 16 хона комилан, 4 хоҷагии ёрирасон ва оғилҳо қисман ва 37 хонаи дигар зиёни сабук дидаанд. Ҳудуди 10 мошину техникаҳои дигар ва боғоту киштзорҳо зарар дидаанд”,-мегӯяд ин манбаъ.

Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ин бора иттилои расмӣ надод, танҳо дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳисоботро барои санҷиш ба ҳукумати Суғд ирсол кардаанд.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи “Азия-Плюс” аз ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки шоҳиди муноқишаҳои марзӣ буд гуфт, Комиссияи ҳолатҳои фавқуллода зиёни ин ҷамоатро тақрибан 53 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Қарори раиси ноҳия дар ин бора содир шудааст, вале зарари ниҳоӣ чи миқдор ҳисоб шуд ба мо нафиристоданд, гуфт манбаъ.

“Дар Овчӣ-Қалъача 2 хона комилан сӯхт. Бинои МТМУ №71 қисман осеб дидааст. Ба хонаҳои 61 хонаводаи дигар хисороти гуногун расидааст”,- мегӯяд манбаъ

Қирғизистон зарарро расман эълон кард

Рӯзи 21-уми июн Қирғизистон расман эълон кард, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон 1 миллиарду 305 миллион сом  (15,4 млн доллар) хисороти пулӣ дидааст. Дар ин бора сардори Раёсати ҳифзи шаҳрвандӣ ва амалиёти наҷотбахши Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Ириспек Ҷолдошбоев ба расонаҳои қирғиз хабар додааст. Ӯ гуфтааст дар ин бора санади комиссия ва аъзои он мавҷуд аст ва ин ҳисоботи ниҳоӣ ва охирон аст. Ба навиштаи расонаи қирғизии for.kg/news дар ҷараёни муноқиша 220 иншоот, аз ҷумла 138 хона дар Қирғизистон тахриб шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.