Толибон маркази ду вилоятро тасарруф карданд

Гуруҳи "Толибон" дар ду рӯзи ахир шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ҳамчунин шаҳри Сарипул – маркази вилояти Сарипулро низ, ғасб кардаанд.  Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон,  толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулис ва раёсати амнияти миллӣ дар Сирипулро гирифта, дар ин вилоят танҳо вулусволӣ (ноҳия)-и Балхоб дар дасти давлат […]

Гуруҳи "Толибон" дар ду рӯзи ахир шаҳри Кундуз, маркази вилояти Кундузро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст ва ҳамчунин шаҳри Сарипул – маркази вилояти Сарипулро низ, ғасб кардаанд. 

Бино ба гузориши расонаҳои Афғонистон,  толибон бинои ҳукумати вилоят, фармондеҳии пулис ва раёсати амнияти миллӣ дар Сирипулро гирифта, дар ин вилоят танҳо вулусволӣ (ноҳия)-и Балхоб дар дасти давлат мондаасту халос. Гуфта мешавад, ки мақомҳо ва неруҳои давлатӣ дар яке аз  қисмҳои низомӣ дар шаҳри Сарипул дар муҳосираи "Толибон" мондаанд.

Ба ҳамин тартиб "Толибон" тамоми идораҳои давлатӣ ва бахшҳои муҳими шаҳри Кундузро низ гирифта, ҷанг дар кӯчаву паскӯчаҳои ин шаҳр идома дорад. 

Ду рӯз пештар "Толибон" шаҳри Толиқон маркази вилояти Тахор ва Шибирғон – маркази вилояти Ҷузҷонро низ тасарруф карда буданд, ки акнун дар ин шаҳрҳо ҷангҳои шадиде миёни неруҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни толиб идома дорад. 

Бархе аз намояндаҳои вилоятҳои Сарипул ва Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар суқути ин ин шаҳрҳо бекифоятии давлат ва ниҳодҳои амниятиро зикр кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳукумат нисбат ба вазъи ин шаҳрҳо бепарвоӣ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".