Маросими ёдбуд аз ҷанговарони интернатсионалист дар Душанбе

Дар назди пояи муҷассамаи ҷанговари итернатсионалист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва мактаби №37-и шаҳри Душанбе, ки ӯ дар он таҳсил кардааст, бахшида ба солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомии шӯравӣ аз Афғонистон (15 феврали соли 1989) чорабиниҳо доир гардиданд. Сарфи назар аз борон, аз субҳ назди ҳайкал даҳҳо нафар – ҷанговарони интернатсионалист, курсантҳои омӯзишгоҳҳои низомӣ, хизматчиёни […]

Ҳайдар ШОДИЕВ, Asia-Plus

Дар назди пояи муҷассамаи ҷанговари итернатсионалист, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ва мактаби №37-и шаҳри Душанбе, ки ӯ дар он таҳсил кардааст, бахшида ба солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомии шӯравӣ аз Афғонистон (15 феврали соли 1989) чорабиниҳо доир гардиданд.

Сарфи назар аз борон, аз субҳ назди ҳайкал даҳҳо нафар – ҷанговарони интернатсионалист, курсантҳои омӯзишгоҳҳои низомӣ, хизматчиёни ҳарбии қисмҳои низомии Тоҷикистон ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия ҷамъ омаданд.

Оркестри нафасии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ суруду оҳангҳои солҳои ҷангиро ба иҷро расонида, курсантҳои омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ ба сифати қаровули фахрӣ дар роҳравҳо ба муҷассама саф оростанд. Ҷанговарони интернатсоналист ба пояи муҷассама гулҳо гузоштанд.

Дар фарҷоми маросим ҷанговарони интернатсионалисти пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар бо меҳмонон – иштирокчиёни маросим аксбардорӣ намуда, бо ҳамсафони худ хотираҳои солҳои хизмати ҳарбиро дубора варақгардон карданд.

Чорабинӣ дар маҷлисгоҳи мактаби рақами 37-и ба номи Александр Мироненко идома ёфта, дар он ҷо ба ҳозирин лавҳаи ёдбуд бо номи Мироненко муаррифӣ шуд, ки дар намо (фасад)-и бинои мактаб гузошта мешавад.

Тибқи маълумотҳо аз манбаъҳои гуногун, давоми ҷанг дар Афғонистон беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок, зиёда аз 53 ҳазор нафар маҷрӯҳ ва 417 нафар бедарак шуданд.

Ба ин ҷанг аз Тоҷикистон 15 ҳазор нафар сарбозу афсарон сафарбар шуда, 336 нафари онҳо ҳалок, 5 тан бедарак ва беш аз 1100 тан маҷрӯҳ гардиданд, ки бисёре аз онҳо маъюб шуданд. Панҷ нафар аз тоҷикистониёни дар ин ҷанг иштироккарда ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.