Парвози деринтизор: таассуроти мусофирони аввалин

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд – Душанберо анҷом дод. Имрӯз, 11 апрел ҳавопаймои ширкат тариқи хатсайри аввали HY717 соати 7:20 дақиқа аз Тошканд павроз карда, соати 8:05 бо 29 нафар мусофирон ба фурудгоҳи Душанбе нишаст. Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта […]

Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» парвози нахустин тариқи хатсайри Тошканд – Душанберо анҷом дод.

Имрӯз, 11 апрел ҳавопаймои ширкат тариқи хатсайри аввали HY717 соати 7:20 дақиқа аз Тошканд павроз карда, соати 8:05 бо 29 нафар мусофирон ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта – рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Мусофирони нахустине, ки бо ин хатсайр ба сарзамини Тоҷикистон по ниҳоданд, шаҳрвандони Украина буданд.

– Номи ман Вадим аст, – мегӯяд мусофири ин хатсайр. – Бо дӯстам ҳамроҳ ба Душанбе омадем. Ин ҷо мо бори нахуст сафар дорем. Ба тиҷорат машғулем. Хатсайри хеле қулай аст. Самимона пешвоз гирифтанд. Умедворам, ки хатсайр мунтазам гардида, ҳузури мо дар Душанбе фораму гуворо хоҳад буд.

Муҳандиси бинокор Анвар Қудратуллоев бо гурӯҳи ҳамкорони худ ба Душанбе омадааст. Онҳо дар макони баргузории намоиши маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе корҳои васлу насб, аз қабили омода намудани гӯшаву лавҳаҳо ва ғайраро ба иҷро мерасонанд.

– Раводидро бидуни мушкил дар Тошканд таҳия карданд. Парвоз оромона сурат гирифт. Ин ҷо моро хеле самимона пешвоз мегиранд, рӯзноманигорон хеле зиёданд. Ҳатто интизор набудем. Мо як гурӯҳ ба Душанбе омадем. Ҳозир ба меҳмонхонаи «Шератон» меравем. Мегӯянд, ки яке аз беҳтаринҳост. Каме истироҳат карда, сипас ба сайру тамошои шаҳр баромаданием. Таассурот хеле фораму гуворост. Ташаккур барои пазиройии самимӣ.

Дилшод Мавлонқориев аллакай ба Душанбе сафарҳо доштааст.

– Пештар бо корҳоям бо автомашина ба Душанбе меомадам, ки арзонтар буда, вале вақти хеле зиёдро талаб мекард. Акнун бошад, соате нагузашта мо аллакай дар Тоҷикистонем. Хеле қулай аст. Раводидро тавассути интернет таҳия кардам. Умедворам, ки ба наздикӣ нархи билетро танзим карда, он барои аксар хоҳишмандони сафар ба Душанбе ва Тошканд дастрас хоҳад буд.

Ҳозир арзиши билет ба як самт 140 долларро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шосиломов, шояд барои тоҷирон на он қадр нархи баланд буда, вале барои шаҳрвандони қаторӣ хеле гарон аст. «Мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки нархи билетҳо поин бурда шаванд», – гуфт сафир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.