Нахустнамоиши “Тарма”-и коргардони ӯзбекистонӣ дар Душанбе

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Нахустнамоиши “Тарма”-и театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар таҳияи саркоргардони театри драмавии шаҳри Тошканд шоми 5-уми декабр доир мешавад.

Дар ин бора ба Asia-Plus муовини сарвари театри ҷавонон Суҳроб Ҷанҷолов иттилоъ дод. Сабаби аз ҳамсоякишвар даъват шудани коргардонро ӯ чунин шарҳ дод:

“Ин намоишро аз рӯйи асари нависандаи турк Тунҷер Ҷуҷеноғлу бояд солҳои пеш ба саҳна мемонданд, вале бо сабабҳои номаълум ба таъхир афтод. Имсол барои таҳияи намоишнома саркоргардони театри драмавии шаҳри Тошканд Олимҷон Салимовро даъват намудем. Мақсад аз даъвати ӯ ворид кардани дигаргунӣ ба театр ва пешниҳоди намоиш бо диди тоза ба тамошобин мебошад. Ин барои ҳунармандони театр низ муфид аст. Агар ҳунарманд бо як коргардон фаъолият кунад, қолабӣ шудани ӯ аз имкон дур нест. Аз тарафи дигар мо имрӯз коргадонҳои ҳирфаӣ ба монанди Барзу Абдураззоқов, Фаррухи Қосим ва дигаронро надорем. Албатта, ҳастанд мутахассисони хуб, ба монанди Нозим Меликов, ки яке аз коргардонҳои муваффақи Тоҷикистон аст. Намоишномаҳои ӯ дар озмунҳои байнулмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал, “беҳтарин нақши мардона” ва “беҳтарин нақши занона” шудаанд”.

Ба қавли ӯ, театр нақша дорад, натанҳо аз Ӯзбекистон, балки аз кишварҳои дигар низ коргардонҳои ҳирфаиро даъват бикунад. Вале мушкили асосӣ камбуди маблағ аст.

“Норасоии дигари театри тоҷик надоштани мунаққидон мебошад. Театри тоҷик ба чунин мутахассисон эҳтиёҷ дорад, чунки пас аз тамошои ҳар як намоишнома онро қисм ба қисм бояд таҳлил кард. Агар мунаққидон зиёд бошанд, театр дар Тоҷикистон рушд мекунад”, – афзуд Ҷанҷолов.

Ҳунарпешаи театри ҷавонон Моҳпайкар Ёрова, ки дар намоишномаи “Тарма” яке аз нақшҳои марказиро мебозад, дар суҳбат бо Asia-Plus аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо коргардон Олимҷон Салимов гуфт:

“Баъзе коргардонҳо ҳангоми таҳияи намоиш танҳо супориш дода, ба ҳунарманд аҳаммият намедиҳанд. Олимҷон Салимов коргардони ҳирфаист ва кор кардан бо ин шахс кайфияти дигар дорад. Ӯ сабку услуби хоси худро дорад. Дар вақти таҳияи намоиш ӯ зиёдтар ба ҳунармандон аҳаммият медиҳад. Мо аз даъвати чунин коргардони касбӣ хеле шодем”.

Нахустнамоиши “Тарма” 5-уми декабр, соати 18:00 дар театри ҷавонон доир мегардад. Ҳамчунин 6-уми декабр, соати 18:00 ва 7-уми декабр, соати 14:00 такроран ба саҳна гузошта мешавад.

Намоишномаҳо аз рӯйи асари мазкур дар театрҳои гуногуни олам қариб 170 маротиба рӯйи саҳна омадааст. Соли гузашта коргардони муваффақи тоҷик Барзу Абдураззоқов низ дар Қазоқистон бо гурӯҳи кории театри “Жас Саҳна” онро таҳия карда буд. “Тарма”-ро чанд сол пеш Султон Усмонов ҳам бо гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” дар Тоҷикистон ба саҳна гузошт.

Ин намоишномаи театри ҷавонон бо дастгирии институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...