СҶТ барои ташкили сафари ҳайаташ ба Тоҷикистону Туркманистон аз Русия кумак хост

Сарвари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ҳанс Клюге аз роҳбари Роспотребнадозор Анна Попова дархост кардааст, ки ба ташкили сафари ҳайати ин созмон ба Тоҷикистону Туркманистон кумак кунад. Дар ин бора РЕН ТВ хабар медиҳад. Клюге қайд кардааст, ки дар ин кишварҳо ҳолатҳои сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, лекин ҳодисаҳои фавт аз илтиҳоби […]

Asia-Plus

Сарвари Дафтари минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Ҳанс Клюге аз роҳбари Роспотребнадозор Анна Попова дархост кардааст, ки ба ташкили сафари ҳайати ин созмон ба Тоҷикистону Туркманистон кумак кунад. Дар ин бора РЕН ТВ хабар медиҳад.

Клюге қайд кардааст, ки дар ин кишварҳо ҳолатҳои сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта нашуда, лекин ҳодисаҳои фавт аз илтиҳоби шуш (пневмония) афзудааст. Гуфтугӯйи Попов ва Клюге рӯзи 29-уми апрел тариқи конфронси видеоӣ баргузор шуд.

Клюге аз Попова дархост кардааст, ба кори ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистону Туркманистон мутахассисони русиягӣ ҷалб карда шаванд.

“Ман аз шумо барои ҷалби коршиносони марказҳоятон ҷиҳати фаъолият дар ҳайати Созмон, ки ба Тоҷикистону Туркманистон сафарбар мешавад, кумак мехоҳам. Ин ягона кишварҳое мебошанд, ки дар онҳо ягон мавриди сироят аз COVID-19 сабт нашудааст”, – иброз доштааст ӯ.

Намояндаи СҶТ таъкид доштааст, ки “кумаки Русия ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози сиёсӣ муҳим аст, зеро ин кишварҳо ба ҳарфи Маскав таваҷҷуҳи зиёд доранд”.

“Аз вазъи мавҷуда хеле нигаронам, бахусус, вобаста ба афзоиши ҳодисаҳои маргумир аз бемории илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон”, – гуфтааст Клюге.

Ба гуфтаи Ҳанс Клюге, вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон аз ин иқдоми СҶТ истиқбол мекунанд. Намояндаи Созмон аз ҷониби Русия дархост кардааст, ки ба сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон хоҳиши таваҷҷуҳи ҷиддӣ доштан ба тавсияҳои СҶТ дар мубориза бо COVID-19-ро расонад.

Роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар навбати худ дастгириашро ба Созмон изҳор дошта, ба Ҳанс Клюге барои даъвати коршиносони русиягӣ ба Тоҷикистону Туркманистон, инчунин ҷалби мутахассисони Русия ба фаъолият дар Чин изҳори сипос кард. Ба гуфтаи ӯ, коршинсони русиягӣ, ки бо коронавирус дар Чин мубориза бурданд, ба Тоҷикистону Туркманистон ҳам мераванд.

“Барои ташвиш аз вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳо сипосгузорам. Шумо дар бораи Тоҷикистону Туркманистон сухан кардед. Бешубҳа, мо ин нигарониҳоро ҷонибдорӣ мекунем. Барои даъвати коршиносони русиягӣ ташаккур мегӯем. Боз ба шумо арзи сипос мекунем, ки коршиносони моро ба фаъолият дар Чин ҷалб кардед. Ин барои мо муҳим буд. Андӯхтани таҷрибаи бебаҳо ва дониш муҳим аст”, – гуфтааст Попова.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳайатҳои СҶТ ба Тоҷикистону Туркманистон сафарбар мешаванд. Онҳо дар доираи сафар ба ин кишварҳо аз шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳим боздид мекунанд. Аз рӯйи натиҷаҳои сафар мутахассисони СҶТ доир ба вазъи эпидемиологӣ дар кишварҳо ва беҳбуди тадбирҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус тавсия ва  хулосаи худро пешниҳод мекунанд.

Бино ба маълумоти вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону Туркманистон, дар ин кишварҳо то ҳол ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аз оғози ҳамагирии ҷаҳонӣ зиёда аз 3,1 млн нафар гирифтори COVID-19 шуда, беш аз 210 ҳазор нафар аз ин беморӣ вафот карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.