Бебарқӣ ба ВМКБ расид: ҳукумати вилоят шарҳ дод

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон далели бебарқ мондани сокинони навоҳии вилоятро дар шабу рӯзҳои сардтарини инминтақа шарҳ дод. Ғолиб Ниятбеков, сардори маркази матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» далели бебарқ мондани бошандагони вилоятро ба ях бастани дарёҳои Ғунду Панҷ рабт дод.  Ниятбеков гуфт, ки  аз сабаби он ки ҳаво якбора сард шуд, тӯли ду рӯз  дар ноҳияҳои вилоят […]

Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон далели бебарқ мондани сокинони навоҳии вилоятро дар шабу рӯзҳои сардтарини инминтақа шарҳ дод. Ғолиб Ниятбеков, сардори маркази матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» далели бебарқ мондани бошандагони вилоятро ба ях бастани дарёҳои Ғунду Панҷ рабт дод.  Ниятбеков гуфт, ки  аз сабаби он ки ҳаво якбора сард шуд, тӯли ду рӯз  дар ноҳияҳои вилоят барқ қатъ карда шуд.

Ба гуфтаи Ниятбеков, ин ду рӯз ҳаво дар вилоят – 22 дараҷа сард шуда, оби дарёи Ғунд ва дарёи Панҷ ях баста, ҳамзамон оби ин дарёҳо хеле кам шуд буд.

«Ҳаво якбора дар вилоят сард гардид ва оби дарёҳо ҳам кам шуд ва ҳам ях баста буд. Бинобар ин неругоҳҳо аз сабаби камии оби миқдори лозимаи барқро наметавонист истеҳсол намояд. Дар шаҳри Хоруғ тӯли ин ду рӯз барқ пурра таъмин буд. Дар ноҳияҳо лими тё реҷаи барқдиҳӣ ҷорӣ карда шуд ва дар як рӯз ё субҳ ё бегоҳ барқ як ё ду соат дода мешуд. Ҳафтае пеш реҷаи 5-соата ҷорӣ карда шуда буд.  Ҳоло сардии ҳаво камтар шуд ва мардум бо барқ таъмин шуданд».

Ҳамзамон ба гуфтаи сардори Маркази матбуоти раиси ВМКБ дар Бадахшон қать гардидани барқ хеле кам ба назар мерасад ва  сабаби хомӯш кардани барқ  дар ин шабу рӯзҳо сардии ҳаво мебошад.

Дар ду се рӯзи ахир бошандагони ноҳияҳои ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз он мегуфтанд, ки комилан барқ надоранд ва ҳаво хеле сард асту онҳо ба барқи фаврӣ ниёз доранд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ ҳамчунин гуфт, ки ширкати «Памир Энержӣ» аз мақомоти вилоят хоҳиш кардааст, ки бо сокинони минтақа дар мавриди сарфакорона истифода намудани барқ дар фасли сармо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки бо гармтар шудани ҳаво тамоми сокинони ВМКБ бо барқ таъмин шуданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон «ҳарчанд ҳоло ҳафо барфӣ аст ва дар Бадахшон  барф меборад, аммо ҳаво нисбат ба рӯзҳои  қаблӣ гарм мебошад, аз ин рӯ тамоми сокинони вилоят бо барқ таъминанд. Ва дар ин минтақа боришоти бештари барф ба манфиат буда, мардум бо барқ таъмин мегарданд, чун оби дарёҳҳо низ зиёд мегарданд», – илова кард Ниятбеков.

Индар ҳолест, ки зимистони имсола нисбат ба солҳои пешин дар ин минтақа хунуктар омадааст. Ҳоло сокинони ноҳияҳои вилоят мегӯянд, ки барқ дубора бидуни реҷаи муайян дода мешавад ва тамоми шабонарӯз барқ доранд.

Сабзина Пайравова бошандаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзҳои ҷумъвау шанбеи ҳафтаи гузашта дар як шабонарӯз ҳамагӣ  як соат доштанду халос.

“Аз якшанбе бегоҳ барқро доданд, ҳоло дигар қатъ нашудааст. Пештар ҳам дар як рӯз як ё ду соат қатъ мешуду медоданд, вале рӯзҳои ҷумъаву шанбе ҳамагӣ яксоатӣ доданду халос”.

Бино ба маълумоти расмӣ дар тамоми ВМКБ дар як сол 192 миллион кв соат нерӯи барқ итеҳсол мегардад. Бояд қайд намуд, ки Бадахшон  ягона минтақае дар Тоҷикистон мебошад хомӯш гардидани  барқ камтар ба назар мерасад.

Таъмини барқ дар ин вилоятро ширкати  «Помир Энерҷӣ» ба дӯш дорад. Ин ширкат дар шакли ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, дар асоси Шартномаи консессионӣ амал менамояд. Ширкати «Помир Энерҷӣ» моҳи декабри соли 2002 дар натиҷаи имзои Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ташкил ёфт. Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрўз боқӣ мондаанд. Ширкат дар асоси лоиҳаи хусусӣ ташкил шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".