Ба маликаи Британия китоби адибаи тоҷик туҳфа шуд

Адибаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ба унвони маликаи Британияи Кабир Елизавета II ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо паёми табрикӣ навишт. Ҳамроҳ бо паём ба малика ва абераҳои ӯ китоби «Сказки бабушки Гульсифат» (Афсонаҳои бибии Гулсифат) туҳфа фиристода шуд. Пас аз 9 рӯзи ирсоли паём ва туҳфа аз номи яке аз муқаррабони малика (фрейлина) Сюзан Хасси посух […]

Адибаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ба унвони маликаи Британияи Кабир Елизавета II ба муносибати ҷашни Мавлуди Исо паёми табрикӣ навишт. Ҳамроҳ бо паём ба малика ва абераҳои ӯ китоби «Сказки бабушки Гульсифат» (Афсонаҳои бибии Гулсифат) туҳфа фиристода шуд.

Пас аз 9 рӯзи ирсоли паём ва туҳфа аз номи яке аз муқаррабони малика (фрейлина) Сюзан Хасси посух мерасад, ки малика паёму туҳфаро бо миннатдорӣ қабул карда, ба адиба арзи сипос кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон ғолиб дониста шуд.

Ин китоби чоруми Гулсифат Шаҳидӣ мебошад, ки дар Лондон ба нашр расид. Соли 2018 нависанда дар бахши “Тарҷумаи беҳтарин” дар Open Eurasian Literature Festival and Book Forum дар Тайиланд ҷоиза ба даст оварда буд.

Баъдан китоби «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» дар Кембриҷу Стокголм, китоби «Ҳамсояҳои нозанини ман» дар Лондону Москва, китоби афсонаҳояш дар Таиланд соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.

Гулсифат Ғаффоровна Шаҳидӣ 1 январи соли 1955 дар оилаи иқтисодчиён Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо таваллуд шудааст. Дар шаҳрҳои Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.