Гулсифат Шаҳидӣ муаллифи сол дар Лондон эътироф шуд

Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон муаллифи сол эътироф шуд. Маросими тақдими Ҷоизаи адабии Hertfordshire Press-2018 дар маъруфтарин китобхонаи Англия – British Library баргузор шуда, дар номинатсияҳо (бахшҳо)-и гуногун 5 китоб зикр шуд. Яке аз онҳо – маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и адиби тоҷик мебошад. […]

Нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар номинатсияи “Муаллифи беҳтарин”-и Ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон муаллифи сол эътироф шуд.

Маросими тақдими Ҷоизаи адабии Hertfordshire Press-2018 дар маъруфтарин китобхонаи Англия – British Library баргузор шуда, дар номинатсияҳо (бахшҳо)-и гуногун 5 китоб зикр шуд.

Яке аз онҳо – маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” (Афсонаҳои бибии Гулсифат)-и адиби тоҷик мебошад.

Дар чорабинӣ қайд шуд, ки маҷмӯаи ҳикояҳои “Сказки бабушки Гульсифат” ба туфайли фикру мулоҳизаҳои хонандагону муҳаррирон ва аксбардорон, ки аз рӯҳияи некиву хайрҳоҳӣ ва самимият дар ҳамаи афсонаҳои нависанда мутаассир шуда буданд, дар бахши “Муаллифи беҳтарин” ғолиб дониста шуд.

Дар ин маросим намояндагони барҷастаи зиёиёни эҷодкори Лондон ва Китобхонаи Британия, ҳамчунин сафари Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масъуд Халифазода ва намояндагони сафоратхонаҳои Қазоқистону Озарбойҷон ҳузур доштанд.

Маросими супурдани ҷоизаҳоро узви Ҷамъияти шоҳигарии Ҳунар Дэвид Перри раисӣ карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон ношир ва нобиби президенти Eurasian Creative Guild (Лондон) Марат Аҳмадҷонов тақдим кард.

Ин китоби чоруми Гулсифат Шаҳидӣ мебошад, ки дар Лондон ба нашр мерасад. Соли 2018 нависанда дар бахши “Тарҷумаи беҳтарин” дар Open Eurasian Literature Festival and Book Forum дар Тайиланд ҷоиза ба даст оварда буд.

Дар мусоҳиба ба нашрияи “Чархи гардун” аввали соли равон Гулсифат Шаҳидӣ изҳор намудааст, ки ҳоло соҳиби 10 китоб бо жанрҳои гуногун буда, панҷ асараш ба англисӣ тарҷума шудааст.

Гуфта мешавад, Гулсифат Шаҳидӣ аз чеҳраҳоест, ки дар дохилу берун аз ҷумҳуриамон мешиносанд. Муаллифи даҳ китоби дар жанрҳои гуногун навиштааш дар дили хонандагону мухлисонаш ҷой гирифта, аллакай соҳиби ҷоизаҳои гуногуни байналхалқӣ гардиданд. Аввалин китобаш «Шаҳри ормонҳои сабз» охири соли 2014 чоп шуд ва муаллиф бо Ҷоизаи аввали Форуми байналхалқии нависандагон дар Лондон сарфароз гардид.

Баъдан китоби «Дилу дидаам ба сӯи Шарқ» дар Кембриҷу Стокголм, китоби «Ҳамсояҳои нозанини ман» дар Лондону Москва, китоби афсонаҳояш дар Таиланд соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.