Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик дар синни 75-солагӣ даргузашт

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 25-уми январ, Мирзо Муллоаҳмад, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои филология ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар синни 75солагӣ дар пайи беморие, ки дошт, аз олам даргузашт.

Раёсати АМИТ бо тасдиқи ин хабар, ҳамдардӣ ва ғамшарикии худро ба ақрабо ва пайвандону шогирдони ин олими шинохта изҳор кардааст.

Дар назар аст, ки маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, соати 13:00, дар назди  хонаашон, маҳаллаи 82-юми пойтахт (наздикии Арбат) баргузор шавад.

Мирзо Муллоаҳмадов аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик буд. Ӯ беш аз 400 асари илмӣ ва илмиву оммавӣ таълиф намудааст. Маҷмӯаҳои ба чоп расонидаи ӯ тақрибан 200 мақола, 12 монография, 30 маҷмӯа ба масъалаҳои эроншиносӣ бахшида шудаанд. Аз ҷумла, дар Эрон беш аз 30 асару мақолаҳояш ба табъ расидаанд.

Мирзо Муллоаҳмадов 20-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омада, то барҳам хўрдани он дар соли 1993 дар он ҷо кор кардааст.

Ӯ дар вазифаҳои лаборанти калон (соли 1969), ходими хурди илмӣ (1969-1971, 1974-1978), ходими калони илмӣ (1984-1986), мудири Шуъбаи эроншиносӣ ва ҳиндшиносӣ (1986-1993), муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 1993 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии Академияи илмҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ходими калони илмӣ, мудири Шуъбаи таърихи адабиётро адо намудааст.

Аз соли 2000 то 2004 мудири Шуъбаи созмондиҳии илми Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мирзо Муллоаҳмадов ба омӯзиши масъалаҳои гуногуни таърихи адабиёти форс-тоҷик ва эроншиносӣ машғул аст.

Фаъолияти илмиву эҷодии Мирзо Муллоаҳмадов аз омӯзиши эҷодиёти шоири форс-тоҷик Фаррухии Систонӣ оғоз ёфт. Дар ин мавзуъ ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ кард ва монографияи «Фаррухии Систонӣ»-ро (1978) ба табъ расонид. Баъдан китобҳои ӯ дар бораи адибони маъруфи Эрон Адибулмамолики Амирӣ, Фурўғии Бастомӣ ва дигарон ба миён омаданд. Мирзо Муллоаҳмадов муҳаққиқи сабк (равия)-и «Бозгашт»-падидаи муҳим дар адабиёти асрҳои 15-19 Эрон. Яке аз муаллифони нашри академии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои XIX-XX» (ба забони русӣ, Москва, 1999) мебошад.

Солҳои 1995-2000 Муллоаҳмадов чун мудири Шӯъбаи Таърихи адабиёти ИЗА роҳбарии мавзўи илмии «Масоили ахлоқ дар адабиёти асрҳои 9-12 форс-тоҷик (осору манзуму мансур)”-ро ба ўҳда дошт. Дар доираи ин мавзӯъ вай рисолае бо номи «Паёми ахлоқии Фирдавсӣ» (2003) ба табъ расонид, ки аҳамияти зиёди тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Ӯ яке аз муаллифони «Донишномаи адаби форсӣ» (Эрон) мебошад. Соли 2000 дар ин нашрия беш аз 150 мақолааш ба табъ расидааст.

Саҳми Мирзо Муллоаҳмадом дар таҳияи матнҳои осори адабиёти форс-тоҷик, баргардон аз ҳуруфи арабиасос ба кириллӣ бузург аст. Баргардони тарҷумаи форсии «Қуръони маҷид» ба ҳуруфи кириллӣ (Теҳрон, 1997). «Қобуснома»-и Кайковус, бо пешгуфтор, тавзеҳоти судманд (1979). «Рубоиёт»-и Умари Хайём (1983), «Рўзномаи сафари Искандаркўл»-и Мустаҷир (1989), «Ҳикояҳои нависандагони Эрон» (ҷ. 1-2, 1988), «Ғазалиёт»-и Фурўғии Бостамӣ (1993), «Донишнома»-и Майсарӣ (1999). «Андарзномаи Носири Хусрав» 2003 ва ғайра ба қалами ӯ мутааллиқ аст.

Мирзо Муллоаҳмадов мураттиби тазкираҳои «Ёди ёри меҳрубон» (2003) ва «Хубони порсигў» (2003) мебошад. Тавассути китоби аввал, ки дар интишороти «Тўс»-и Эрон ба табъ расидааст, хонандагони эронӣ бо ашъори шоирони тоҷики асарҳои 16-19 ошноӣ пайдо мекунанд.

Мирзо Муллоаҳмадов барандаи Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...