Асад Гулзодаи Бухороӣ – пуштибони забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро даргузашт

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Асад Гулзодаи Бухороӣ – шоир, забоншинос ва рӯзноманигори тоҷики муқими Бухоро ва яке аз пуштибонҳои забону фарҳанги тоҷикӣ дар Ӯзбекистон субҳи имрӯз, 29-уми май, аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону шогирдонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Ӯ 88 сол дошт ва вақтҳои охир дар Амрико зиндагӣ мекард. Гуфта мешавад, ки ҳафтаи гузашта аз сафари Амрико ба Ӯзбекистон баргашт ва субҳи имрӯз ба таври ногаҳонӣ аз олам чашм пӯшид.

Асад Гулзодаи Бухороиро соати 10 дар зодгоҳаш ҷаноза карданд ва ба хок супориданд.

Пуштибони забону фарҳанги тоҷикӣ

Асад Гулзода шоир, забоншинос ва рӯзноманигори шинохтаи муқими Бухоро буд ва барои зинда нигоҳ доштани забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар ин кишвар талошу ҷонбозиҳои зиёд мекард.

Асад Гулзодаи Бухороӣ дар солҳои охир машғули кори эҷодӣ ва шеърнависӣ буд. Бештари шеърҳои марҳум дар васфи Бухоро ва бузургони тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш ва ғайра буда, дар онҳо бузургии халқи тоҷик таҷассум меёфтанд.

Гулзода дар як мусоҳибаи худ ба Радиои Озодӣ гуфта буд: “Дар шароити Ӯзбекистон ягон кас ин шоиронро ба забон намегирад. Мақсади ман ҳамин аст, ки мардумро бедор кунам, мардуми Бухоро донанд, ки гузаштагонашон киҳо буданд ва чӣ корҳоро анҷом додаанд. Гузаштагонашон ба кадом забон гап задаанд”.

Асад Гулзода дар ҳамон мусоҳиба аз гум шудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро ва ояндаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон нигаронӣ карда, гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд, вале дар Бухоро ду кас мондаем – ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, ӯзбекӣ менависанд”.

“Мо, ки 60 сол инҷониб мактаби тоҷикӣ надорем, дар вилояти Бухоро аксарият дар бораи бузургони Бухоро ҳам маълумот надоранд”, – зикр карда буд Асад Гулзода.

Амина Шарофиддинова, яке аз дигар пуштибонони тоҷикон дар кишвари ҳамсоя мегӯяд: “Даргузашти Асад Гулзода барои тоҷикони Самарқанду Бухоро бисёр талх аст ва дигар чун ӯ тоҷикон пуштибони қавӣ намеёбанд”.

“Хабари даргузашти устодро шунида, талх гиристам. Асад Гулзодаи Бухороӣ пайкараи худшиносиву худогоҳӣ, марди миллатдӯст ва ғамхори тоҷикон дар Ӯзбекистон буданд. Баъди сари он кас бим дорам, ки забону халқи тоҷик дар Самарқанду Бухоро бепуштибон мемонанд”, – мегӯяд Шарофиддинова.

Аҳли зиёи Тоҷикистон ҳам даргузашти Асад Гулзодаи Бухороиро барои миллати тоҷик фоҷеаи талх номида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз рӯзгору корномаи марҳум хотираҳояшонро менависанд.

Зиндагиномаи Асад Гулзодаи Бухороӣ

Асад Гулзода соли 1935 дар деҳаи Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳаш ва маълумоти олиро дар факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе гирифтааст. То соли 1968 дар мактабҳои тоҷикии вилояти Бухоро, то соли 1955 дар бахши тоҷикии Ширкати телевизиону радиошунавонии вилояти Бухоро фаъолият дошт.

Маҷмӯаҳои шеъраш бо номҳои “Насими Бухоро”, “Хатти пешонӣ”, “Бухоро”, “Шукуфаҳои Бухоро”, “Намози рӯи барг”, “Нафаси баҳор”, “Гули мурод”, “Арзи сипос” ва куллиёти ашъораш дар 4 ҷилд таҳияву дар Душанбе, Бухоро, Тошканд ва Теҳрон ба чоп расидаанд.

Соли 2004 нашриёти “Маориф ва фарҳанг”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Шукуфаҳои Бухоро” ва соли 2007 маҷмӯаҳои “Намози рӯи барг” ва “Нафаси баҳор”-ро ба табъ расонд.

Соли гузашта мунтахабаи ашъори Асад Гулзодаи Бухороӣ таҳти номи “Паёме аз Бухоро” дар ҳаҷми 500 саҳифа дар Душанбе ба чоп расид.

Асад Гулзода аз соли 2003 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба наздикону пайвандони Асад Гулзодаи Бухороӣ ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...