“Аз кор ронед!”. Раиси як минтақаи Русия муҳоҷиронро аз ҳақи кор дар савдо ва хӯроки умумӣ маҳрум кард

Дар вилояти Самараи Русия ба муҳоҷирон кор дар соҳаи тиҷорату бозор  ва ошхона  ё хӯроки умумиро манъ карданд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад. Ин расона бо такя ба сомонаи ҳукумати ин вилоят менависад, ки ба муҳоҷирон иҷора додани иншоот манъ шудааст. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси вилоят Вячеслав Федоршев ҳамаи идораҳои минтақаро, ки бо тиҷорату савдо […]

Дар вилояти Самараи Русия ба муҳоҷирон кор дар соҳаи тиҷорату бозор  ва ошхона  ё хӯроки умумиро манъ карданд. Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.

Ин расона бо такя ба сомонаи ҳукумати ин вилоят менависад, ки ба муҳоҷирон иҷора додани иншоот манъ шудааст. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи раиси вилоят Вячеслав Федоршев ҳамаи идораҳои минтақаро, ки бо тиҷорату савдо сарукор доранд, вазифадор намудааст, ки муҳоҷирони бо патент коркунандаро аз кор ронанд.

Сомонаи Idel.Реалии менависад, бар асоси супориши Федоришев, коргарони хориҷӣ ҳақ надоранд дар вилояти Самара дар соҳаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва маҳсулоти тамоку, нассоҷӣ, пойафзол ва дигар соҳаҳои савдо кор кунанд. Инчунин, ба муҳоҷирон кор дар истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нонӣ, хӯроки кӯдак, оби нӯшокӣ, корхонаҳои хӯроки умумӣ, савдои яклухт ва чаканаи машруботи алкоҳолӣ ва спирти этил, сигор, доруворӣ, тухм ва маҳсулоти ширӣ манъ шудааст.

Ба муҳоҷирон инчунин кор дар бахши маълумот ва таҳияи пойгоҳҳои иттилоотӣ, нашри хабар, инчунин, ба мӯҳлати кӯтоҳ иҷора додани манзил ҳам манъ мебошад.

Мақомоти маҳаллии Самара мегӯянд, ки чунин маҳдудиятҳо “бо ҳадафи таъмини аминияти шаҳрвандон ва ҳимояти бозори кор” карда мешавад.

Пеш аз ин, моҳи феврали имсол бо қарори раиси пешини вилоят Дмитрий Азаров кори муҳоҷирон бо патент ба ҳайси ронандаи такси, ронандаи нақлиёти мусофирбар, кор дар соҳаи маориф ва оҷонсиҳои ҷалби коргар манъ шуда буд.

Вилояти Самара дар ҷанубушарқи Русия ва дар марз бо Қазоқистону ҷумҳурии Тотористон ҷойгир мебошад. Беш аз 3 миллион сокин дорад. Бино ба иттилои омори расмии ин минтақа, соли 2021 ба вилояти Самара беш аз 71 ҳазор муҳоҷири дохиливу хориҷӣ барои кору зиндагӣ рафтааст ва аксари муҳоҷирони хориҷӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон будаанд.

Хабари манъи кор барои муҳоҷирон дар Самара дар ҳолест, ки пеш аз ин мақомоти вилояти Ленинград гуфтанд, муҳоҷирони Узбекистон, Тоҷикистон, Молдова ва Озарбойҷон аз ҳақи кор ба ҳайси ронандаи такси ва ронанда дар ширкатҳои нақлиётӣ маҳрум мешаванд. Мақомоти Русия гуфта буданд, дар беш аз 10 шаҳру ноҳияҳои ин кишвар, аз ҷумла дар вилояти Воронеж ва Камчатка ҷалби муҳоҷирон ба кор дар нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла таксиронӣ манъ мешавад.

Монеаву маҳдудиятҳои шадиди кору зиндагӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баъди ҳамла ба “Крокус сити ҳол” шурӯъ шуд, ки бо гумони содир кардани ин ҷиноят асосан шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия ҳафтаи ҷорӣ аз анҷоми 176 ҳазор рейд, қарори ихроҷи 92 ҳазор муҳоҷир ва манъи вуруди қариб 150 ҳазор хориҷӣ дар соли 2024 хабар дод. Волк гуфт, баъд аз сахттар кардани назорат бар ҷараёни муҳоҷират, корфармоён дар бораи бастани қарордоди корӣ бо муҳоҷирон ба мақомот бештар хабар медиҳанд. Аксар ҷабрдидаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.