Ҳунармандони сирк аз кишварҳои ИДМ барои душанбегиҳо барномаи ҷолиб пешкаш мекунанд

Аз охири моҳи сентябр дар Сирки давлатии Душанбе таҳти унвони “Панҷ қитъа” (Пять континентов) намоиши ҳунармандони сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маъмурияти сирки пойтахт хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз 28 сентябр то 27 октябр ба тамошобинон ҳунарнамоиҳои артистону ромкунадагони ҳайвонот аз кишварҳои гуногуни ИДМ […]

Аз охири моҳи сентябр дар Сирки давлатии Душанбе таҳти унвони “Панҷ қитъа” (Пять континентов) намоиши ҳунармандони сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маъмурияти сирки пойтахт хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 28 сентябр то 27 октябр ба тамошобинон ҳунарнамоиҳои артистону ромкунадагони ҳайвонот аз кишварҳои гуногуни ИДМ бо иштироки палангу шер, хирс, асп ва ғайра намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин дар барнома ҳунарнамоии чашмбандон (иллюзинонистҳо), гимнастҳо ва масхарабозон ба нақша гирифта шудааст.

Билетҳо аллакай аз имрӯз, 26 август ба фурӯш бароварда шудаанд. Онҳоро аз соати 9:00 то 18:00 дар кассаҳои сирк харидан мумкин аст.

Арзиши билетҳо аз 60 сомонӣ (дар қаторҳои охир) то 80 сомонӣ (дар қаторҳои аввал) муқаррар шудааст.

Дар сирк зикр карданд, ки муфассалтар дар бораи барномаву ҳунармандон наздиктар ба санаи оғози намоишҳо маълумот дастрас мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.