Аз Ҳисори шодмон то толорҳои Порис. 55-солагии фаъолияти мақомсарои шаҳир Шамсиддин Муҳиддин таҷлил шуд

Имрӯз, 22-юми октябр, дар шаҳри Ҳисор маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддин ба муносибати 55-солагии фаъолияти ҳунариаш баргузор гардид.   Шукӯҳи маҳфили фарҳангӣ Толори Кохи фарҳанг саршор аз меҳмонон буд. Дар қатори фарҳангиёну ҳаводорони мусиқии тоҷик, меҳмонон аз Эрону Афғонистон ва ҳатто Фаронса низ ба назар мерасиданд. Ҳама омада буданд то шоҳиди мурури корномаи […]

Имрӯз, 22-юми октябр, дар шаҳри Ҳисор маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддин ба муносибати 55-солагии фаъолияти ҳунариаш баргузор гардид.

 

Шукӯҳи маҳфили фарҳангӣ

Толори Кохи фарҳанг саршор аз меҳмонон буд. Дар қатори фарҳангиёну ҳаводорони мусиқии тоҷик, меҳмонон аз Эрону Афғонистон ва ҳатто Фаронса низ ба назар мерасиданд. Ҳама омада буданд то шоҳиди мурури корномаи нимасраи овоз бошанд.

Муовини шаҳрдори Ҳисор Бунафша Юлдошзода маҳфилро бо суханони самимӣ оғоз бахшид ва бо эҳтироми хос ба овозхони шинохта сипоснома супурда, бо нишони қадрдонӣ ба тани ӯ ҷома пӯшонид.

Лаҳзаи фаромӯшнашаванда вақте оғоз ёфт, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода ба саҳна баромад. Хотираҳои ширини ҳамкорӣ бо Шамсиддин Муҳиддин дар суханони ӯ ҷон мегирифтанд. Авҷи ин лаҳза – иҷрои муштараки суруди "Қалъабандӣ" буд, ки ду устоди ҳунар бо оҳанги гуворо толорро ба ваҷд оварданд.

Баъдан чеҳраҳои шинохтаи Ҳисор, аз ҷумла рӯзноманигор Сӯҳроб Зиё ва шоир Ворис солгарди фаъолияти эҷодии Шамсиддин Муҳиддинро таҳният гуфтанд.

Пасон Хусрав Муҳиддинов, фарзанди ҳунарманд, бо ҳунарнамоии худ исбот кард, ки мактаби падар бардавом аст. Шогирди дигари устоди санъат – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тоҷиддин Раҳимов низ бо суруди худ ба устодаш арҷ гузошт.

Вақте Шамсиддин Муҳиддин сурудани таронаи шаҳири "Бе ту танҳоӣ кашидам"-ро оғоз кард, толор ба ҳамовозӣ пайваст. Баъди иҷрои ин суруд гулдастаҳо пайиҳам ба Шамсиддин Муҳиддин эҳдо гардиданд ва пешорӯи мизаш пур аз гул шуд.

Пасон бо иҷрои суруди "Насиҳат ба фарзанд" Шамсиддин Муҳиддин аҳли маҳфилро шод гардонд, ки паёми ин суруд хидматгузорӣ ба халқу ватан буд.

Маҳфил агарчи бо қатъи ногаҳонии барқ поён ёфт, аммо дурахши ситораи ҳунар дар осмони фарҳанги тоҷик ҷовидона хоҳад монд. Ҳини тарки толор мухлисе гуфт, корномаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсиддин Муҳиддин қобили ситоиш аст ва ба василаи ӯ ва мисли ӯ фарҳанги миллӣ аз насл ба насл интиқол хоҳад ёфт.

 

Нигоҳе ба зиндагиномаи Шамсиддин Муҳиддин

Шамсиддин Муҳиддин, зодаи деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор (15 октябри 1950), роҳи дурударози ҳунариро тай кардааст. Аз омӯзишгоҳи ҳунарии ноҳияи Ленин то саҳнаҳои бузурги пойтахт, аз театри Панҷакент то толорҳои ЮНЕСКО дар Порис – ҳама шоҳиди ҳунари мавсуф шудаанд.

Ӯ соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” бо иҷрои “Муноҷот” дурахшид ва роҳаш ба сӯи санъат боз шуд ва пасон кор дар Кумитаи телевизион ва радио, узвият дар дастаи “Дарё” ва ансамбли “Шашмақом” – ҳама марҳалаҳои такомули ҳунари ӯ буданд.

Беш аз 40 суруди мондагор, аз “Ироқи Бухоро” то “Хами мӯй”-и Шамсиддин Муҳиддин дар хазинаи тиллоии санъати тоҷик сабт шудаанд ва суруди "Ироқи Ҳисор" аз навовариаш дар Шашмақом маҳсуб мешавад.

Хидматҳои мондагор ва боарзиши ин ҳунарманди барҷаста ва мумтоз барои равнақи ҳунару мусиқӣ соли 1994 бо унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2003 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Имрӯз устод дар ансамбли “Шашмақом”-и “Шамси Ҳисор” ба тарбияти шогирдон машғул аст – насли наверо парвариш медиҳад, то чароғи ҳунар ҳамеша фурӯзон монад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.