4 “Шоҳҷоиза” ва беш аз 120 ғолиб. Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” шуданд?

Шоми 23-юми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд. Дар озмун 4 нафар сазовори “Шоҳҷоиза” ва 126 нафар ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дониста шуданд. Имсол озмун аз рӯйи 6 бахш – адабиёти кӯдакона, адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди […]

Шоми 23-юми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд. Дар озмун 4 нафар сазовори “Шоҳҷоиза” ва 126 нафар ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дониста шуданд.

Имсол озмун аз рӯйи 6 бахш – адабиёти кӯдакона, адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср байни 4 қишр – хонандагони синфҳои 1-4, хоннадагони синфҳои 5-11, донишҷӯён (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд. Дар ҳар бахш як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм муқаррар гардида буд.

Имсол дар муқоиса бо солҳои қабл, ки танҳо як нафар “Шоҳҷоиза”-ро ба даст меовард, ба чор нафар дар чор бахш “Шоҳҷоиза” тақдим гардид. Нафарони зерин соҳиби “Шоҳҷоиза” гардиданд:

Малика Ҳасанова, хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 51-и шаҳри Кӯлоб дар номинатсияи адабиёти кӯдакона ва осори шифоҳӣ;

Мамадқадамова Шаҳина, хонандаи синфи 10-и мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хоруғ дар номинатсияи адабиёти классики тоҷик;

Шарифзода Сабрина, хонандаи синфи 11-и  мактаби рақами 69-и ноҳияи Восеъ дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик;

Асилабону Алимова, хонандаи синфи 3-и Гимназияи рақами 4-и ноҳияи Фирдавсӣ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон.

Соҳибони “Шоҳҷоиза” ҳар яке бо 70 ҳазор сомонӣ қадр шуданд.

Номи ғолибони ҷойҳои якум, дуввум ва сеюм дар ҳар як бахшро дар ин пайванд хонед.

Ба ғолибони ҷойи аввал 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ, диплом ва дигар тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Ҳамчунин, ба 66 омӯзгори мактаб, ки шогирдонашон сазовори ҷоиза гардиданд, 10 ҳазор сомонӣ маблағ ва нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” супорида шуд. Волидони ғолибони озмун аз ҳисоби хонандагон бо нишони “Маърифатпарвар” қадр шуданд.

Ҳамчунин, 102 иштирокчӣ, 20 нафақахӯр ва 10 ятиму маъюб, ки дар озмун фаъол буданд, бо тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз рӯи натиҷаи озмун, шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум гардида, вилояти Хатлон бо 35 ҷой (2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм, 19 ҷойи сеюм) дар ҷои дуввум, вилояти Суғд бо касби 29 ҷой (5 ҷойи якум, 10 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) дар ҷои сеюм, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 13 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 4 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) дар ҷои чорум ва ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 10 ҷой (3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 5 ҷойи сеюм) соҳиби ҷои чаҳорум гардиданд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз соли 2019 инҷониб доир мегардад. Тӯли ин солҳо ба низомномаи озмун чандин маротиб тағйирот ворид шуд. Аз ҷумла, он ба қишрҳо тақсим шуда, имсол дар чор бахш чор “Шоҳҷоиза” муқаррар гардид. Соли гузашта “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкурро Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯйи курси  сеюми факултаи ҳуқуқшиносии   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиб гардида буд.

Президенти кишвар ахиран дар паёми худ бахшида ба рӯзи дониш дастур доданд, ки аз соли оянда мукофотпулии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сад дарсад зиёд карда шавад. Барои шинос шудан бо миқдори мукофотпулии озмуни мазкур матлаби Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?-ро мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.