“Моро даъват кунед, то худро дифоъ намоем”. Хоҳиш ва умеди Толибон аз Маскав

Намояндаи Толибон* барои иштирок дар нишасти дабирони шӯрои амнияти миллии кишварҳои минтақа, ки ҳафтаи оянда дар Маскав оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад, даъват нашудааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ба Тулӯънюз гуфтааст, ки умедвор аст то дар ин нишаст дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати сарпараст гуфтугӯ шавад. Ба иттилои манбаъ, сухангӯи Толибон аз масъулони […]

Намояндаи Толибон* барои иштирок дар нишасти дабирони шӯрои амнияти миллии кишварҳои минтақа, ки ҳафтаи оянда дар Маскав оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад, даъват нашудааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, ба Тулӯънюз гуфтааст, ки умедвор аст то дар ин нишаст дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати сарпараст гуфтугӯ шавад.

Ба иттилои манбаъ, сухангӯи Толибон аз масъулони ин нишаст хостааст, ки намояндаи Толибонро низ даъват кунанд.

Муҷоҳид ба Тулӯънюз гуфтааст: “То ҳоло аз Иморати исломӣ даъват нашуда, вале дар нишастҳое, ки дар он мавзӯи Афғонистон баҳс мешавад, бояд Афғонистон ширкат кунад ва аз мавқеъи худ дифоъ кунад”.

Пеш аз ин Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия барои Афғонистон ба хабаргузори ТААС гуфта буд, ки интизор меравад дар ин нишаст, ки оид ба Афғонистон баргузор мешавад, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон ширкат кунанд.

Маскав дар беш аз якуним соли гузашта, ду бор нишасти “Формати Маскав”-ро оид ба вазъи Афғонистон баргузор кардааст, ки иштирокчиёни он дар бораи эҷоди ҳукумати фарогир, гуфтумони миллӣ, риояти ҳуқуқ башар ва оштии миллӣ баҳс кардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон пешшартҳое аз қабили ташкили ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи башар ва ҳаққи таҳсил ва кор ба духтарону занон гузошта буд, аммо бар хилофи ваъдаҳояшон Толибон тайи якунимсол пайваста ҳуқуқҳои занонро саркӯб мекунанд. Имрӯз занони Афғонистон аз ҳаққи кор ва духтарон аз ҳаққи таҳсил маҳрум мондаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.