Ронандае, ки аҳли як оиларо пахш кард, ба 15 соли зиндон маҳкум шуда метавонад

Сокини Душанбе Нуралӣ Ғаффоров, ки бо автомашинаи худ чор узви як оиларо пахш намуд, мутобиқи моддаи 212, қисми 5 Кодекис ҷиноятии Тоҷикистон айбдор карда мешавад. Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин модда то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Қаблан, тибқи иттилои ҳамин Раёсат, нисбат ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сокини Душанбе Нуралӣ Ғаффоров, ки бо автомашинаи худ чор узви як оиларо пахш намуд, мутобиқи моддаи 212, қисми 5 Кодекис ҷиноятии Тоҷикистон айбдор карда мешавад.

Аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин модда то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қаблан, тибқи иттилои ҳамин Раёсат, нисбат ба ронанда мутобиқи моддаи 212, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шуда буд, ки дар он аз 5 то 10 сол ҷазо муқаррар шудааст.

“Акнун қисми 4-и модда ба қисми 5 иваз шуда, дар он муҳалти ҳадди ниҳоӣ – 15 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст, лекин инро суд муайян мекунад”, – зикр карданд дар Раёсат.

Парванда ҷиҳати баррасӣ ба прокуратура ирсол гардида, лекин манбаъ дар бораи ба кадом прокуратура фиристодани он мушаххасан маълумот надод.

Дар ҳамин ҳол, вазъи солимии кӯдаки 3-соларо, ки ронандаи «Mercedes» ӯро ҳамроҳи волидон ва бародари 8-солааш бо мошинаш пахш намуд, табибон муътадил арзёбӣ мекунанд.

Яке аз пайвандони модари хонаводаи Абдухолиқовҳо ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки модару кӯдаконаш дар беморхонаи “Истиқлол” зери муоинаи табибон қарор доранд ва айни замон вазъи солимиашон муътадил буда, барои шифои онҳо табибон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7 декабр сокини шаҳри Душанбе Нуралӣ Ғаффорови 33-сола дар ҳолати сархушии зиёд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт 4 нафар узви як оиларо бо автомашинааш пахш кард.

Бар асари ин садамаи нақлиёт Ҷамшед Абдухолиқови 39-сола, ҳамсари 33-солаи вай, фарзандони 8 ва 3-солаи ӯ ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Рӯзи дигар падари хонадон Ҷамшед Абдухолиқов аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар беморхона ҳалок шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ, давоми 11 моҳ дар Душанбе 358 ҳолати рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ (сархушӣ) сабт шуда, дар чор ҳодисаи садамаи нақлиёти рухдода бо айби ин ронандагон 7 нафар ҳалок ва 8 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Мувофиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ё ҷарима дар ҳаҷми 300 андозаи музди меҳнати минималии моҳона бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.