Мақомоти Тоҷикистон маълумот доир ба як кон дар Помирро “ғайримахфӣ” карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амри худ дастур дод, ки маводи зуҳуроти тилло ва волфрам дар кони Икар, воқеъ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ғайримахфӣ гардонида шавад. Ин маълумот дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистони Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ маҳфуз аст. Дар санаде, ки рӯзи 31 декабр дар портали иттилооти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як амри худ дастур дод, ки маводи зуҳуроти тилло ва волфрам дар кони Икар, воқеъ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ғайримахфӣ гардонида шавад. Ин маълумот дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Тоҷикистони Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ маҳфуз аст.

Дар санаде, ки рӯзи 31 декабр дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд, гуфта мешавад, маводу маълумот дар бораи кони Икар “бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав барои коркарди кон” ғайримахфӣ гардонида мешаванд.

Бино ба маълумоти Саридораи геология, кони Икар, ки ҳанӯз соли 1972 аз ҷониби геологҳои шӯравӣ кашф шудааст, дар водии дарёи Баҷудара (шохаи рости дарёи Панҷ) воқеъ аст. Он дар баландии 2600-3200 метр, дар 58 километрии маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ ва 8 км дуртар аз роҳи мошингарди Хоруғ – Душанбе ҷойгир шудааст.

Кони мазкур маҷмӯавӣ буда, дар он ба ҷуз волфркаму тилло, захираи кобалт ва уран ҳам мавҷуд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.