Берлин: Баррасии рӯзномаи гуфтушуниди байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон

Дар Берлин рӯзномаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон бо иштироки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баррасии рӯзномаи гуфтушунидҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон вохӯрӣ баргузор гардид. Интизор меравад, ки […]

ASIA-Plus


Дар Берлин рӯзномаи гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи гузашта дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон бо иштироки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баррасии рӯзномаи гуфтушунидҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Интизор меравад, ки рӯзҳои 28-29 ноябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе музокироти байниҳукуматии ду кишвар доир мегарданд. Дар рафти ин музокирот масоили ҳамкории минбаъдаи молию техникӣ дар соҳаи рушд ва татбиқи лоиҳаҳои нав бо иштироки Олмон барои таҳкими иқтидори молию иқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои илму маорифи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.