Кабирӣ: Дар Сурия аз таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон истифода бояд кард


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси дурӯзаи Теҳрон, ки зери унвони «Муколамаи миллии Сурия» баргузор гашт, ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ин конфронс беш аз 200 нафар бо намояндагӣ аз ҳукумати Сурия, бархе аз  мухолифини он, инчунин намояндагони СММ, сафирони муқими Теҳрон ва  сиёсатмадорону сиёсатшиносон аз дигар кишварҳо ширкат доштанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ дар рӯзи аввали конфронс суханронӣ намуда, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои истифода дар ҳалли қазияи Сурия муфид арзёбӣ кард. «Раиси ҲНИТ таъкид бар он дошт, ки муколама ва сулҳ набояд заъф ё шикасти кадоме аз тарафҳо дониста шавад, балки ҳадафи аслии он пешгирӣ аз густариши хунрезӣ ва таъмини субот дар ин кишвари ҷангзада мебошад»Ю – гуфт манбаъ.

Гуфта мешавад, раҳбари ҲНИТ аз Ирон ва Русия даъват ба амал овард, ки нақши бештаре дар мусолиҳаи Сурия дошта бошанд, зеро ин ду кишвар дар қазияи Тоҷикистон исбот намуданд, ки дар сурати ҳамкории бештар бо ҳама тарафҳои қазия дар Сурия ҳам метавонанд ба натиҷаи беҳтаре даст биёбанд.

spot_imgspot_img

Популярное