Лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» дар баррасии Шӯрои парлумон

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ зикр кард, ки қонуни мазкур бо назардошти ҷараёни амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши рафъи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила таҳия шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова бо қонунҳои ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи мақомоти ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2012» ва дигар масоили рӯзмарра баррасӣ шуданд.

Тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 12-уми декабр баргузор мегардад, ворид шуданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...