М.Убайдуллоев: Соли нав дар Тоҷикистон таҷлил мегардад!

Аваз Юлдошев


Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор кард, ки дар пойтахт ҷашни Соли нав мисли солҳои пешин бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳад шуд.

Ӯ зикр намуд, ки мисли солҳои пешин дар майдони асосии пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, шаби 1-уми январ чорабинии идона доир мегардад. «Дар бинои сирки пойтахт барои кӯдакон чорабинии солинавӣ ташкил карда мешавад», – гуфт вай.

«Бо номбар кардани Соли нав ҳамчун ҷашни христианӣ сардабири торнамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоман аз таърихи пайдоиши ин ҷашн огаҳ набуданашро нишон дод», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотирнишон сохт, ки ҷашни Соли нав ба рӯзи мавлуди пайғамбар Исо ҳеҷ муносибате надошта, аз замони тақвими григорӣ оғоз шудааст.

Дар идома Убайдуллоев таъкид кард, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Соли нав иди расмӣ буда, дар тақвим бо хати сурх дарҷ ёфтааст.

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...