Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни суҳбат Ш.Зуҳуров таъкид намуд, ки оид ба мушкилоти умда ҳарду кишвар мавқеъҳои мушобеҳ дошта, тадриҷан Украина ба қатори кишварҳои пешсафи муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон табдил меёбад ва имзои беш аз 80 шартномаву созишномаҳои байниҳукуматӣ тӯли 20 сол миёни кишварҳо гувоҳи он аст.
Ба қавли вай, зимни баррасии масоили рушди робитаҳои дуҷонибаи фарҳангиву гуманитарӣ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки соли оянда Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон созмон дода шавад.
«Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҳамчунин ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳо дар бахши энергетика таваҷҷуҳ зоҳир сохта, изҳор намуд, ки қариб 90%-и таҷҳизоти шабакаҳои энергетикии кишвар дар Украина истеҳсол шудаанд ва омӯзиши масъалаи таъсиси корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли ин таҷҳизот дар Тоҷикистон аз манфиат холӣ буда наметавонад», – иброз дошт манбаъ.
Дар навбати худ, дипломати украинӣ ба ҳамсуҳбати худ иттилоъ дод, ки соли оянда ифтитоҳи Хонаи тиҷорати «Душанбе-Киев» дар пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
«Сафир ҳамчунин таъкид намуд, ки аз дар пойтахти Тоҷикистон мустақар будани муҷассамаи шоири маъруфи Украина Тарас Шевченко ифтихор дорад ва зикр кард, ки Украина низ масъалаи дар шаҳри Киев гузоштани муҷассамаи яке аз адибони маъруфи тоҷикро баррасӣ дорад», – афзуд котиби матбуотии МН МО ҶТ.





