Қонуни пешгирии зӯроварӣ дар оила дар баррасии парлумон

Date:


Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба вакилон баррасии се лоиҳаи нави қонунҳо пешниҳод шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, намояндагони мардуми лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби гурӯҳи вакилон таҳияшуда «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз вакилон ҳамчунин тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсия» ва Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»-ро низ муҳокима мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба андешаи раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ, ки яке аз муаллифони қонун  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, ин қонун бо назардошти ҷараёни амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши рафъи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила таҳия шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...