Ҳалокати модару кӯдакони ноболиғ бар асари таркиши баллони газ

Рӯзи нахусти соли нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари таркиши баллони газ соҳибхона Мӯниса Исоева ва фарзандони ноболиғи ӯ – Марями 3-сола ва Муҳаммадҷони 5-сола ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз таркиш ҳамчунин падари зани ҳалокшуда ва ҳамсараш низ осеб дида, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи нахусти соли нав дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари таркиши баллони газ соҳибхона Мӯниса Исоева ва фарзандони ноболиғи ӯ – Марями 3-сола ва Муҳаммадҷони 5-сола ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз таркиш ҳамчунин падари зани ҳалокшуда ва ҳамсараш низ осеб дида, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. «Дар натиҷаи таркиш дар манзил сӯхтор сар зада, зимни хомӯш кардани он се нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ низ ҷароҳат бардоштанд ва айни замон сабабҳои таркиш муайян карда мешаванд», – гуфтанд дар ВКД.

Зикр гардид, ки се рӯз қабл дар ҷамоати Куруши ноҳияи Спитамен низ бар асари истифодаи нодурусти баллони газ як кӯдаки 2-сола фавтидааст. Боз чор нафар аъзои оила ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.