575 ҳазор еврои НАТО баҳри нобудсозии минаҳои зиддипиёдагард

Имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишнома миёни Тоҷикистон ва ташкилоти амнияти техникии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бораи амалисозии масоили амният ва идоракунии захираҳои аслиҳа дар ҶТ тасдиқ шуд. Зимни суханронӣ оид ба ин масъала мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Созишнома миёни Тоҷикистон ва ташкилоти амнияти техникии Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бораи амалисозии масоили амният ва идоракунии захираҳои аслиҳа дар ҶТ тасдиқ шуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов зикр кард, ки ин созишнома 31 январи соли 2012 дар Брюссел ба имзо расида, баҳри беҳбуди таъмини амният ва идоракунии аслиҳа дар ҶТ равона гардидааст.

«Шурӯъ аз соли 1998 Тоҷикистон ҷиҳати нобуд кардани минаҳои зиддипиёдагард дар марз як қатор тадбирҳо андешид. Созишномаи мазкур маблағгузорӣ дар ҳаҷми 575 ҳазор евроро пешбинӣ мекунад. То имрӯз Ҷопон, Британияи Кабир ва Туркия бо ин мақсад 202 ҳазор евро маблағ ҷудо карданд. Маблағи боқимондаро ҳукумати Канада ихтисос медиҳад», – таъкид кард Давлатов.

Ёдрас мекунем, ки масъалаи мазкур санаи 26-уми декабр дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Зимни шарҳи он ба вакилон муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Суҳроб Маҳмадов изҳор карда буд, ки мутобиқи он, НАТО ба Тоҷикистон дар масоили нигоҳдорӣ, нобуд кардани маводи хатарноки тарканда ва омодасозии мутахассисон дар ин самт кӯмак хоҳад кард. «Сарпарастони амалисозии созишнома аз ҷониби НАТО Британияи Кабир ва Ҷопон мебошанд», – гуфта буд вай.

Зимни суханронӣ дар ин робита вакили парлумон Суҳроб Шарифов зикр кард, ки ба вакилон аксари бандҳои созишнома нофаҳмо буда, «ӯ дар бораи чӣ нафъ доштани ин созишнома ба Тоҷикистон қариб чизе нафаҳмидааст». «Ба фикрам, касе чизеро аз мо пинҳон нигоҳ доштанист», – иброз дошта буд номбурда.

Ғайр аз ин, С.Шарифов аз намояндаи Вазорати мудофиа суол кард, ки оё ин созишнома ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи СААД мухолифат надорад ва ин суол бидуни посух боқӣ монд.

Раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров иброз дошта буд, ки айни замон кумитаи дахлдори парлумонӣ, Вазорати мудофиа ва ҳукумат ба шарҳи ҷузъиёти созишномаи мазкур омода нестанд.

Дар шарҳу тавзеҳи масъалаи мазкур мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори сарвари давлат дар ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ Ҷумъахон Давлатов таъкид намуда буд, ки созишномаи зикршуда бо забонҳои англисиву фаронсавӣ ба тасвиб расида, тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ ба нусхаи аслӣ муувофиқат намекунад ва бо ин сабаб миёни вакилон нофаҳмиҳо рух додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.