Медали тилои паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ

Рӯзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон, Кабден Байдосов баргузор гардид. Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекисон, Россия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 27-28-уми декабри соли 2012 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни ҷавонон, барои пос доштани номи устоди варзиши Қазоқистон, Кабден Байдосов баргузор гардид.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар мусобиқаи мазкур паҳлавонони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекисон, Россия ва Тоҷикистон дар ҳайати 350 нафар ширкат намуданд.

«Чаҳор паҳлавони тоҷик аз гӯшаҳои мухолифи Тоҷикистон ба майдон баромаданд ва миёни онҳо Фирӯз Ёқубов дар вазни 85 кг барандаи медали тило гардид», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, Фирӯз дар даври аввал озод ва баъдан варзишгари қирғизро мағлуб намуд ва ҳамчунин дар даври савум варзишгари мизбонро шикаст дод. «Дар даври ниҳоӣ бо варзишгари Қазоқистон бо натиҷаи баланд дастболо гардида, барандаи зинаи ифтихорӣ шуд», – афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки Фирӯз Ёқубов ҷоизадори Чемпионати Осиё (Таиланд-2011) ва ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистону кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.