Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд як роҳи устувори интиқоли маводи мухаддир аз ВМКБ ба пойтахт ва минбаъд тариқи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба вилояти Суғдро маҳв намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни азназаргузаронии гаражи мутааллиқ ба сокини шаҳри Хоруғ дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд аз дохили автомашина дар зарфҳои маводи сӯзишворӣ ва ду пинҳонгоҳ беш аз 28 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, шахсияти соҳиби автомашина ба хадамоти махсус маълум буда, ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, алҳол аз ифшои ному насаби ӯ худдорӣ карда мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки тайи 10 рӯзи ахир кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд се амалиёти муваффақона доир намуда, 150 кило маводи мухаддирро мусодира намудаанд.


