Коршинос: Афви собиқ аъзои Фронти халқӣ ба гумон аст


Дар робита ба

муроҷиати

собиқ аъзои Фронти халқӣ ба сарвари давлат бобати афв, рӯзноманигор ва сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат изҳор кард, ки тӯли 20 сол дар Тоҷикистон як қатор афвҳо сурат гирифтанд, вале президент Эмомалӣ Раҳмон маҳкумшудагон аз шумули аъзои собиқ Фронти халқиро набахшид.

Коршинос муътақид аст, ки бахшидани гуноҳи онҳо дар робита ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар марҳилаҳои нахусти он Сангак Сафаров қарор дошт, ба гумон аст. «Сабабҳо зиёданд. Нахуст, миёни аъзои Фронти халқӣ унсурҳои зиёди ҷиноӣ ҷой дошта, он солҳо андешае доштанд, ки ғолибон муҷозот намешаванд ва сабаби дуюм дар он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон худро бо Фронти халқӣ ҳамбаста намедонад, – мегӯяд коршинос. – Ба ҳар ҳол, пас аз марги Сангак Сафаров моҳи марти соли 1993 сарвари давлат дигар боре ҳам дар бораи Фронти халқӣ ва Сангак Сафаров назари мусбат баён накард. Фақат зимни дар ҳаёт будани Сангак Сафаров ӯ аз ҷавонон даъват мекард, ки аз «Бобои Сангак» ибрат бигиранд».

Н.Давлат бар ин назар аст, ки ҳамтоҳои хориҷии Эмомалӣ Раҳмон гоҳу ногоҳ дар бораи робитаи ӯ бо Фронти халқӣ ишораҳо мекунанд. «Ахиран моҳи октябри соли 2012 зимни сафар ба Душанбе президенти Русия Владимир Путин ба ин масъала ишора кард. Ҳангоми суханронӣ назди хизматчиёни пойгоҳи низомии Русия Путин изҳор намуд, ки «худи ӯ (яъне президент Э.Раҳмон – Н.Д.) бо автомат дар даст ба Душанбе ворид шуда, шахсест, ки мактаби ҷангиро паси сар намудааст ва ба қадри нерӯҳои мусаллаҳи босифату пуриқтидор ба хубӣ мерасад», – ёдовар шуд рӯзноманигор.

Ӯ боз як сабаби мавриди афв қарор нагирфтани собиқ аъзои Фронти халқӣ аз ҷониби президентро низ зикр кард. «Соли 2013 дар Тоҷикистон бояд маъракаи интихоботи президент доир гардад ва Эмомалӣ Раҳмон, ки тӯли 20 сол собиқ аъзои Фронти халқиро афв накарда буд, ба гумон аст, ки ба афви онҳо дар соли интихобот розӣ шавад. Гузашта аз ин, дар ин ҳолат мантиқан афви ҷониби дигар, яъне аъзои нерӯҳои мусаллаҳи мухолифин низ зарур аст. Ба андешаи ман, агар аъзои маҳкумшудаи ҷонибҳо ба амнияти ҷомеа хатар надошта бошанду тӯли 20 сол мавриди афв қарор нагирифтаанд, пас афви онҳо иқдоми башардӯстонае аз ҷониби президент хоҳад буд», – афзуд Нуралӣ Давлат. 

spot_imgspot_img

Популярное