Баррасии масъалаи сафедкунии маҳкумшудагон ба ифротгароиву терроризм

Давоми рӯзҳои 15-16-уми январ дар шаҳри Душанбе масоили сафедкунии маҳкумшудагон ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ифротгароиву терроризм баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар ин ҷо оид ба мавзӯи озод кардан, сафедкунӣ, дар озодӣ ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқгардонии чунин маҳкумшудагон мизи гирд барпо шудааст. […]

Наргис Ҳамробоева


Давоми рӯзҳои 15-16-уми январ дар шаҳри Душанбе масоили сафедкунии маҳкумшудагон ба содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ифротгароиву терроризм баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар ҶТ хабар доданд, дар ин ҷо оид ба мавзӯи озод кардан, сафедкунӣ, дар озодӣ ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқгардонии чунин маҳкумшудагон мизи гирд барпо шудааст.

Ба иттилои манбаъ, чорабинии дурӯза аз ҷониби Дафтари САҲА дар ҳамдастӣ бо Пажуҳишгоҳи СММ оид ба масоили ҷинояткорӣ ва адолати судӣ созмон дода шуда, дар кори он 16 нафар коршиносони сатҳи байнулмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ширкат варзидаанд.

«Дар кори мизи гирд оид ба таҷрибаи пешсафи андӯхта дар самти пешгирии ифротгароиву тундгароӣ дар зиндонҳо бо таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарзи кору муносибат ва таҷрибаи дар Тоҷикистон мавриди истифода қарордошта табодули назар сурат гирифт», – гуфт манбаъ.

Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Ивар Викки дар ин робита изҳор намуд, ки чорабинӣ оид ба баррасии ин масъала бори нахуст дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардида, иштирокдорони он ба табодули таҷриба ва шиносоиву омӯзиши таҷрибаву кӯшишоти байнулмилалӣ дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар зиндонҳо имкон пайдо карданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.