Таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷӣ ба лоиҳаҳои нафтугазии кишвар

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Ширкатҳои CNPC-и Чин, TOTAL-и Фаронса ва ширкати байналмилалии Teтиc – Петролеум Лимитед мулоқот анҷом дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ аз ҷумлаи ҳалафҳои мулоқот маҳсуб ёфта зикр гардид, ки ширкатҳои мазкур имконияти иштироки худро дар […]

ASIA-Plus


Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Ширкатҳои CNPC-и Чин, TOTAL-и Фаронса ва ширкати байналмилалии Teтиc – Петролеум Лимитед мулоқот анҷом дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ аз ҷумлаи ҳалафҳои мулоқот маҳсуб ёфта зикр гардид, ки ширкатҳои мазкур имконияти иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии нафту газ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иқдом хоҳанд намуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳо дар ин бахш ба манфиатҳои тарафайн судманд хоҳад буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.