Б.Зуҳуров: Дастрасӣ ба сомонаҳо муддати 2-3 рӯз барқарор мешавад

Субҳи имрӯз зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар шаҳри Кӯлоб сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор намуд, ки мушкилоти фаннӣ ба қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои интернетӣ боис гардидаанд. Ба қавлӣ вай, дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook, бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» ва дигар сомонаҳо муддати 2-3 рӯзи наздик […]

Турко Дикаев


Субҳи имрӯз зимни суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар шаҳри Кӯлоб сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров изҳор намуд, ки мушкилоти фаннӣ ба қатъи дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои интернетӣ боис гардидаанд.

Ба қавлӣ вай, дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Facebook, бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» ва дигар сомонаҳо муддати 2-3 рӯзи наздик барқарор карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Бег Зуҳуров доир ба «дастнорасиаш барои рӯзноманигорон» ибрози назар кард. «Ман дастрастарин мансабдори давлатӣ дар кишварам, вале аксари рӯзноманигорон аз ин суистифода намуда, гуфтаҳои маро таҳриф ва ба гунаи дигар пешкаш мекунанд, ки баъзан ҳатто мухолифи гуфтаҳои ман аст, аз ин рӯ, кӯшиш мекунам, ки бо онҳо камтар робита дошта бошам», – иброз дошт Б.Зуҳуров.

Раиси Хадамоти алоқа мегӯяд, «ибрози андешаи мушаххасу саҳеҳ бо забони русӣ баъзан мушкил аст, аммо дар ин ҳолатҳо рӯзноманигорон аз ҷалби тарҷумон даст мекашанд, то ки баъдан ба гуфтаҳои аз ҷониби онҳо таҳрифшудаи ман асосе дошта бошанд».

Бег Зуҳуров ҳамчунин аз шарҳи зери маводи баъзе сомонаҳо ёдовар шуд. «Ба ин гуна сомонаҳо ҳеҷ иддаое нест, вале вақте шарҳҳо бо номҳои гуногун дар бораи ҳар чизи басаромада дарҷ меёбанд, дар ин сурат даъвоҳо пайдо шуда, фаҳмидан душвор аст, ки он шарҳ аст ё иғвогарӣ», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи гузашта дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии писандидаи Facebook

бори сеюм дар Тоҷикистон

қатъ карда шуд. Ба феҳристи сомонаҳо ҳамчунин бахши русии сомонаи радиои «Озодӣ» низ шомил аст.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон шумори корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон 41 ҳазору 160 нафар ё худ 0,55% аз шумори умумии аҳолиии ҷумҳурӣ ва ё 5,87% аз шумори умумии корбарони Интернет дар кишварро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook саҳфаҳои хадамоти матбуоти президенти ҶТ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.