Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аъзои як гурӯҳи фаромилии машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро боздошт намуда, аз онҳо 30 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, ахири ҳафтаи гузашта зимни амалиёт дар микрорайони «Водник»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд як автомашинаи тамғаи «Опел-Караван»-ро боздошт намуданд, ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон Мухтор Шарифови 43-сола қарор дошта, мусофири он шаҳрванди Қазоқистон Бахтиёр Раҳимови 36-сола будааст.
«Зимни азназаргузаронии автомашина 30 кило мавводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар КДАМ.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздошт ронандаи автомашина ва мусофири он муқобилат нишон дода, дар натиҷа Шарифов аз пояш ҷароҳат бардоштааст.
Дар идома зикр гардид, ки гурӯҳи нашъаҷаллобони мазкур муддати солҳои зиёд ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир машғул буда, аз шахсияти сарвари гурӯҳ низ мақомот огаҳӣ доранд, вале ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот, номи ӯ алҳол ифшо намегардад.
«Боздоштшудагон иқрор шуданд, ки ин миқдор маводи мухаддир барои интиқол ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистону Русия пешбинӣ шуда будааст», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Қобили зикр аст, ки тайи 20 рӯзи ахир кормандони Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд аз гардиши ғайриқонунӣ 180 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.


