Соли гузашта дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба маблағи 72 млн. 101,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ниёзи ҳамарӯзаи мардум истеҳсол шуд.
Раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев зимни нишасти матуботӣ изҳор намуд, ки рушди истеҳсолоти корхонаҳои хурд натиҷаи хуб дода, ҳаҷми умумии маҳсулоти тавлидшуда аз нақшаҳои пешбинишудаи солона хеле зиёдтар аст.
«Аз ҷумла, дар корхонаҳои хурд ҳудуди 18 ҳазор тонна орд, 175 тонна равғани рустанӣ, наздики 12 ҳазор тонна намаки ошӣ, 937,7 тонна нону маҳсулоти нонӣ, 43 тонна маснӯоти қаннодӣ, 270 ҳазор декалитр шарбати ангур, ҳудуди 10 ҳазор декалитр оби ҷав (пиво), наздики 2 млн. дона хишт истеҳсол гардид», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, дар ин давра дар корхонаҳои бузурги коркарди пахтаи ноҳия 4283 тонна нахи пахта коркард гардида, 7104 тонна чигит ва 4236 тонна кунҷора тайёр карда шуд.



