Сафорати ИМА ба АНМН воситаҳои нави техникӣ супурд

Date:


Чанде қабл сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовар маҷмӯъи воситаҳои техникии тақвияти нерӯи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ супурд.

Тавре аз Агентии мазкур иттилох доданд, директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо изҳори миннтадорӣ ба ҷониби Амрико барои дастгирии техникӣ аз  ҳамкориҳо миёни АНМН ва Сафорати ИМА дар самти муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ситоиш кард ва ба он баҳои баланд дод.  

Директори минтақавии барномаи мубориза бо маводи нашъаовари Фармондеҳии ИМА ҷаноби Ҷонн Повелонет, ки дар ин маросим ҳузур дошт,  изҳори умед намуд, ки таҷҳизоти техникии ироашуда аз ҷониби Агентӣ ҳадафнок истифода мешавад ва барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти воҳидҳои оперативӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои нав созмонмеёфта мусоидат мекунад. 

Маврид ба таъкид аст, ки техникаи супурдашуда дар навбати аввал барои воҳидҳои нави Агентӣ ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ҷиргатол, ки қарор аст соли 2013 сохта шаванд, истифода хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...