Рейдҳои ХМ оид ба ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Душанбе

Оғози ҳафтаи равон рейди махсус оид ба ошкор кардани шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ машғул ба кор дар пойтахт оғоз гардид. Ин чорабинӣ бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳифзи бозори меҳнати пойтахт ва ҳамчунин ошкор сохтани далелҳои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе […]

Аваз Юлдошев


Оғози ҳафтаи равон рейди махсус оид ба ошкор кардани шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ машғул ба кор дар пойтахт оғоз гардид.

Ин чорабинӣ бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади ҳифзи бозори меҳнати пойтахт ва ҳамчунин ошкор сохтани далелҳои фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти прокуратура доир мегардад.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, аз оғози рейд дар қаламрави шаҳри Душанбе 9 далели фаъолияти меҳнатии ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ошкор карда шудааст. Нисбати чор нафар шаҳрвандони Чин, се нафар шаҳрвандони Афғонистон ва ду тан аз шаҳрвандони Покистон, ки ба фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ дар пойтахт машғул буданд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки рейд идома дошта, дар бораи натоиҷи он иловатан хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон дар Русия 400 ҳазор нафар шаҳрвандон ғайриқонунӣ ҳузур доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.