Тоҷикистон расман узви комилҳуқуқи СҶТ эълон шуд

Бо анҷоми гуфтушунидҳои беш аз 11-сола, Тоҷикистон расман узви 159-уми Созмони ҷаҳонии тиҷорат эълон гардид. Дар иттилоияи ба ин муносибат пахшшудаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула таъкид доштааст, ки «узвияти Тоҷикистон ба СҶТ ба туфайли иродаи сиёсӣ ва пуштибонии аз ҷониби президент […]

ASIA-Plus


Бо анҷоми гуфтушунидҳои беш аз 11-сола, Тоҷикистон

расман

узви 159-уми Созмони ҷаҳонии тиҷорат эълон гардид.

Дар иттилоияи ба ин муносибат пахшшудаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Питер Микула таъкид доштааст, ки «узвияти Тоҷикистон ба СҶТ ба туфайли иродаи сиёсӣ ва пуштибонии аз ҷониби президент ва ҳукумати ҶТ зоҳиршуда имконпазир гардидаст».

Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Швейтсария минбаъд низ ба Тоҷикистон дар амалисозии муқаррароти СҶТ ҳамкорӣ хоҳад кард. «Узвият ба СҶТ бо назардошти омодагӣ ва хоҳиши ҳукумату бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии ислоҳот бар асоси созиши ҷонибҳои асосии манфиатдор бояд ба беҳбуди муҳити тиҷорату сармоягузорӣ мусоидат намояд», – иброз доштааст Питер Микула.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2010 дар асоси дархости Тоҷикистон Шӯрои генералии СҶТ дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Тоҷикистон ба ин созмон қарор қабул намуд ва ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозир дода шуд.

Дар ҷараёни мутобиқгардонии қонунгузории амалкунандаи ҶТ ба меъёрҳои СҶТ ва ташкили заминаи меъёриву ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, бо кишварҳои узви СҶТ гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода шуданд. Оид ба масоили марбут ба СҶТ беш аз 80 асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Санаи 10-уми декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ протокол дар бораи узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро ба имзо расониданд ва 9-уми январи соли равон парлумони ҷумҳурӣ ин протоколро тасдиқ намуда, ахири моҳи январ он ба Котиботи СҶТ фиристода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки зимни тасдиқи протоколи мазкур дар палатаи поёнии парлумон, намояндаи мардумӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов муқобили тасдиқи он ибрози назар намуда, андешаи худро бо он асоснок намуд, ки мувофиқи ин протокол иқтидорҳои асосии кишвар хусусӣ гардонида мешаванд ва ин ба камбизоатии мардуми тоҷик боис мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.