Имрӯз дар меҳмонсарои «Гулистон тур» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият» кори худро идома медиҳад.
Тавре аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи телевизион ва радио, роҳбарони шабакаҳои давлатӣ ва мустақили телевизионӣ, коршиносони мустақили ватаниву хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
Дар рӯзи аввали чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ ва мусоидати молиявии Институти Ҷомеаи Кушлда Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад, масоили марбут ба татбиқи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ баррасӣ шуд.
Раиси ассосиатсия Зинатулло Исмоилов ҳадафи аслии баргузории конференсияи мазкурро музокираи судманди танзимкунандаи асосии соҳа – Кумитаи телевизион ва радио ва шабакаҳои мустақили телевизионӣ унвон кард. Муовини раиси кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Самад Ҳикматов давраҳои татбиқи барномаро натиҷагирӣ намуда, изҳор дошт, ки гузариш ба пахши рақамӣ равандест, ки бояд давра ба давра татбиқ шавад. Директори ҶСК «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев иттилоъ дод, ки айни ҳол 46, 8 фоизи аҳолии кишвар ба пахши рақамии шабакаҳои давлатии телевизионӣ имкони дастрасӣ доранд.
Мавзӯи аслии баҳсе, ки миёни намояндагони роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ва иштирокчиёни конференсия доир гардид, тақдири шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар ин раванд ва масъалаи бо маводи босифату рақобатпазир таъмин намудани шабакаҳои телевизионӣ буд. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Амирқулова омодагии Кумитаро барои ҳамкорӣ бо ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ дар ин бобат изҳор кард.
Дар конференсия роҳбари ТҶ «Хома» Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият», раиси Ассосиатсияи интернет провайдерҳои ҶТ Асомуддин Атоев дар мавзӯи «IPTV имкони нави тавсеаи фарогирии контенти телевизионӣ» ва коршинос аз Федератсияи Россия Александр Мих аз таҷрибаи Россия дар мавриди гузариш ба пахши рақамӣ суханронӣ карданд.



