Эълони озмуни ҷумҳуриявии «ВАО муқобили коррупсия»

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти унвони «ВАО муқобили коррупсия» нахустин озмуни ҷумҳуриявии журналистӣ оид ба тарғиботи зиддикоррупсиониро эълон намуд. Дар варақаи матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ таҳти унвони «ВАО муқобили коррупсия» нахустин озмуни ҷумҳуриявии журналистӣ оид ба тарғиботи зиддикоррупсиониро эълон намуд.

Дар варақаи матбуотии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зикр мегардад, ки озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 гузаронида мешавад.

Озмун ба ташаккул додани афкори ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, пешгирӣ кардани қонуншиканӣ ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷалби воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигорон ба ташаккул додани муҳити созгори иттилоотӣ баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия ва инчунин пурзӯр намудани самаранокии ВАО ҳамчун воситаи муҳими иҷтимоӣ дар ҷодаи пешгирӣ ва фошсозии амалҳои коррупсионӣ равона шудааст.

Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ (идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ғ.) ва воқеӣ (рӯзноманигорон, муаллифони ҳирфаӣ ва ғайриҳирфаии ВАО-и чопию электронӣ) иштирок карда метавонанд.

Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд дар фосилаи аз 01.02.с.2013 то 20.02. с.2014 дар нашрияҳои чопӣ ё интернетӣ дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расида бошанд ва ё тариқи телевизион ё радио пахш гардида бошанд.

Аъзои ҳакамон ғолибонро аз рӯи 13 номинатсия муайян мекунанд.

Чорабинии расмии эълони натиҷаҳои озмун ва супоридани мукофотҳо ба ғолибон рӯзи 11 марти соли 2014 дар рафти маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор мешавад. Матни пурраи Низомномаи озмун дар ҳафтаномаҳои «Чархи гардун» ва «Дайджест пресс» чоп карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.