Эҳтимоли таъини маош ба имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон

Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ масъалаи таъини ҳақмузд ба имомхатиони масоҷиди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дорад. Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумита Мавлон Мухторов хабар дод,  ин масъала бо супориши сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукумат ташкилотҳои диниро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. «Ин дафъа сарвари давлат ба мо супориш дод, ки ба имомхатибон маош […]

ASIA-Plus


Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ масъалаи таъини ҳақмузд ба имомхатиони масоҷиди Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тавре ба islamnews.tj муовини раиси Кумита Мавлон Мухторов хабар дод,  ин масъала бо супориши сарвари давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳукумат ташкилотҳои диниро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. «Ин дафъа сарвари давлат ба мо супориш дод, ки ба имомхатибон маош таъин намоем ва барои он аз буҷети давлатӣ маблағҳи зарурӣ ҷудо карда мешавад», – иброз дошт вай.

Айни замон маоши имомхатибон ва дигар хизматчиёни масоҷиди кишвар аз ҳисоби кӯмакҳои хайрияи ибодаткунандагон пардохта мешавад.

Ба қавли раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ, имомхатибон ҷиҳати ба фаъолияти дигар машғул шудан, аз ҷумла кор дар муассисаи давлатӣ ё соҳибкорӣ низ ҳуқуқ доранд, вале ҳодисаҳои ба фаъолияти дигар машғул будани имомхатибон дар кишвар хеле кам иттифоқ меафтад, зеро муллоҳо ба ҷуз имоматӣ дар намозҳо, аз маросимҳои дигари динӣ, аз қабили никоҳу ҷаноза ва ғайра низ даромад доранд.

Бобати дар як сол чӣ миқдор маблағ масраф кардани аҳолӣ дар ин маросимҳо маълумоти оморӣ мавҷуд нест.

Қаблан islamnews.tj бо такя ба муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилоъ дода буд, ки сарфи назар аз пардохт шудани маоши имомхатибон аз ҳисоби кӯмакҳои хайрия, истифодаи тамоми қонунгузории меҳнат ва андоз дар фаъолияти Маркази исломӣ ва масҷидҳо низ мавриди амал қарор дошта, ҳарчанд масҷидҳо имконоти зиёд надошта бошанд ҳам, онҳо тамоми андоз ва маблағҳои хизматгузории коммуналиро пардохт мекунанд.  

С.Абдуқодирзода мегӯяд, ҳақмузди кормандони Маркази исломӣ низ ба маблағҳои хайрия вобаста аст. Ба гуфтаи вай, қисмате аз заминҳои Маркази исломӣ ба Донишкадаи исломӣ ва мағозаҳои фурӯши адабиёти динӣ ба иҷора дода шудаанд, ки ин ҳам воситаҳои иловагӣ барои таъмини фаъолияти Марказ ва пардохти маоши кормандони он аст.

Раиси Шӯрои уламои кишвар ҳамчунин изҳор кард, ки кормандони марказ аз маоши таъиншуда, ки ба ҳисоби миёна 500-600 сомониро ташкил медиҳад, шикоят надоранд.

Қобили зикр аст, ки имомхатибон низ чун дигар кормандони муассисаҳои давлатӣ аз ҳуқуқи дастрасӣ ба рухсатии меҳнатӣ бархӯрдоранд, вале рухсатиҳои меҳнатии имомхатибон аксаран бидуни пардохти маблағ сурат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.