Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Фаъолияти зиддимина дар Тоҷикистон» семинар барои рӯзноманигорон ба кор шурӯъ мекунад.
Ҳадафи аслии чорабинӣ баланд бардоштани нақши васоити ахбори умум дар огоҳсозии ҷомеа ва инъикоси Рӯзи байнулмилалии кӯмак ба фаъолияти зиддимина аст, ки ҳамасола санаи 4-уми апрел таҷлил мегардад.
Семинар аз ҷониби Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Дар барномаи семинар намоиши филми мустанад дар бораи фаъолияти зиддимина, шиносоӣ бо фаъолияти Марказ оид ба масоили минаи Тоҷикистон, пешниҳоди маълумоти гуногун оид ба поксозии қитъаҳо аз мина ва силоҳи нотаркида ва ҳамчунин кӯмак ба ҷабрдидагон аз мина дар назар аст.



